Дар муассисаҳои таълимӣ аз рўи нақшаи таълимӣ фасли алоҳида бахшида ба касбинтихобкунӣ дохил карда шудааст. Барои дар амал иҷро намудани нақшаи мазкур директори мактаб, ҷонишинони директор, ташкилотчии корҳои берун аз мактаб, роҳбари синф, кумитаи волидон, духтури мактаб, кумитаи хонандагон, ба кор ҷалб карда мешаванд. Ҳар як фан нисбати роҳнамоии касбии хонандагон дар раванди таълим функсияи махсуси худро дорад. Аз ин лиҳоз омўзгор бояд дар равиши дарс аз он бархудор бошад ва бо хонандагон дар алохидагӣ кор барад. Дар хонандагон тарбия кардани шавқу рағбат нисбати таҳсил ҳамчун манъбаи дониш яке аз шартҳои кории касбинтихобкунӣ мебошад. Вазифаи имрўзаи мо омўзгорон дар замири хар як фард парваридани меҳру муҳаббат ба илм, касбу ҳунар ва фарҳангу маърифат мебошад.
Интихоби бошууронаи касб дар ҳаёти инсон нақши муҳимро мебозад. Барои ба вучуд овардани шавқу завқ ва муҳаббат нисбати фан омўзгор бояд ба хонандагон аҳамияти фанашро фаҳмонида дар онхо нисбат ба ин фан ҳисси эҳтиромро тарбия карда тавонад.
Ташкили дурусти раванди таълим бо дуруст таҷхизонидани кабинетҳо ва дар хонадагон бедор намудани ҳисси фаъолияти эҷодӣ ба роҳ монда мешавад.. Бошуурона иҷро кардани супоришҳо ба коллективи омўзгорон имконият медиҳад, ки вазифаҳои дар наздашон гузоштаро бомуваффақият иҷро кунанд.
Роҳнамои касбӣ яке аз қисматҳои фарҳанги умумибашарӣ буда, дар шакли ғамхории ҷамъият барои ташаккули касбии насли наврас мусоидат мерасонад. Системаи роҳнамои касбӣ ин ҷузъи ҷудонашавандаи тамоми сиёсати кадрии давлатӣ мебошад. Аз ин лиҳоз,
омӯзгоронро лозим аст, ки талабу дархостҳои инфиродии кӯдакро ба инобат гирифта ба ў барои худмуайянкунии касбӣ дар шароити иқтисоди бозоргонӣ кӯмак расонанд.
Қисмҳои асоссии роҳнамои касбӣ аз маълумоти касбӣ, машварати касбӣ интихоби касбӣ , хоҳишҳои касбӣ мутобиқсозии касбӣ иборат аст.
Мақсади раҳнамои касбӣ ин таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ дар соҳаи интихоби озоди касб аст. Ноил гардидан ба мувозинати байни шавқу ҳаваси касбии шахсият пешбинии мувофиқати касбӣ дар яке аз соҳаҳои фаъолияти меҳнатӣ, мусоидат ба инкишофи бемайлони маҳорати шахсии касбият ҳамчун шарти қаноатмандии ў аз меҳнат ба ҳисоб меравад. Самтҳои асосии фаъолияти раҳномаи касбӣ чунин аст:
1.Фароҳам овардани шароит барои гузаронидани корҳои тахассусӣ ва маҷмӯи оид ба роҳнамои касбӣ.
2.Омӯзиш ва ташаккули муносибати бошууронаи хонадагон ба интихоби касб дар раванди таълиму тарбия мувофиқи шавқу ҳавас, майлу рағбат ва қобилияти ҳар кадоме аз онҳо бо назардошти талабот ба касбҳо.
3.Берун аз дарс ҷалб намудани хонандагон ба машғулиятҳо (ихтироъкорӣ, расмкашӣ, забономўзӣ ва ғ.)
4.Шиносонидани хонандагон дар раванди фаъолияти таълимӣ ва берун аз таълим бо муассисаҳои таълимии касбӣ.
5. Ба роҳ мондани таълими хонандагон барои пурра ошкор намудани шавқу ҳавас, майлу рағбат ва қобилияти фардии онҳо.
6.Тарғиботи касб ба ихтисосҳо, гузаронидани чорабниҳои оммавӣ дар барои роҳнамои касбӣ.
Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии раҳнамоии касбӣ” саъю кўшиш ба харҷ медиҳад, ки “Барномаи касбомўзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” –ро пурра дар амал татбиқ намояд.
Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомали Раҳмон қайд намудаанд:
“Агар мо хоҳем,ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем имрӯз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Инчунин барои ихтироъкорону эҷодкорони асил ҳамма заминаҳоро муҳайё созем, то ки онҳо тавонанд бо корҳои сермаҳсули илмию эчодӣ ва навоварӣ машғул бошанд”
“Меҳнат моро аз се балои азим: Андўҳ, коҳилӣ ва бенавоӣ наҷот мебахшад”.
(Жан.Жак Руссо).
Мутахассиси бахши машварати
касбӣ ва интихоби касб дар вилояти Суғд: Саидов А. А.