НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАЪМИНИ ШУҒЛИ АҲОЛӢ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21 декабри соли 2021 чунин баён карда буданд: «Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.
Сазовори гуфтан аст, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақкими сулҳ ва Ваҳдати миллӣ то абад бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд.
Маҳз бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар як муддати кӯтоҳ аз ҳолати гирифторӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ ба яке аз кишварҳои амнтарини сайёра табдил ёбад.
Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки дар натиҷа ҳамаи шохаҳои ҳокимият фалаҷ гашта, кишвар ба вазъи буҳронии сиёсию иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид.
Дар натиҷа, зиёда аз 1 млн шаҳрвандон, ки қисми асосиашонро аҳолии қобили меҳнат ташкил медоданд ба Афғонистон ва дигар кишварҳо гуреза шуданд. Чунин вазъият ба буҳрони шадиди қувваи кории меҳнат дар дохили кишвар оварда расонид.
Ба имзо расидани Созишномаи ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 1997 оғози гардиши куллӣ барои гузаштан ба осудагӣ ва сулҳу субот дар кишвари мо гардид. Вале имзо гардидани ин созишнома ҳанӯз мафҳуми истиқрори комили сулҳу субот дар кишварро таъмин намекард, зеро гурӯҳҳои зиёди мусаллаҳ вуҷуд доштанд, ки тобеияти онҳо барои ҷомеаи кишвар ҳанӯз номаълум боқӣ монда буд.
Маҳз ҳуҷҷати муҳим омили заминагузор барои ташаккули сохти давлати навини Тоҷикистон гардид. Ин раванд сиёсати ягонаро дар масъалаи амнияти миллӣ ва мудофиа таъмин мекард. Яке аз масъалаҳои муҳим баргардонидани гурезаҳо аз Афғонистон буд, ки қувваи асосии корӣ маҳсуб мешуданд. Ҳанӯз, баъди Сарвари давлат интихоб шудан Пешвои миллат баён намуда буданд, ки “Ман ба шумо сулҳ меорам ва то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, худамро озод ҳис карда наметавонам”.
Маҳз сифатҳои таҳаммулпазирӣ, масъулиятшиносӣ ва ҷонфидоиҳои Сарвари давлат буд, ки дар як муддати кӯтоҳтарин ҳамаи гурезагон ба ҷумҳурӣ баргардонида шуданд. Акнун баъди расидан ба истиқрори сулҳ ва баргардонидани гурезаҳо яке аз вазифаҳои муҳимтарин барқарор намудани инфрасохтори дар натиҷаи ҷанг харобгардида буд. Дар ин зимн, манзили зист ва хонаҳои мардум низ дохил мешуданд. Ҳамчунин, масъалаи дигар ин муайян намудани шахсияти гурезаҳо, барқарор намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, манзили онҳо ва бо ҷойҳои кории муваққат таъмин кардани гурезагони ба ватанбаргашта ба ҳисоб мерафт.
Хушбахтона, дар ин марҳила байни роҳбарияти олии сиёсии кишвар ва қишру табақаҳои гуногун ҳамдигарфаҳмӣ дар масъалаи сулҳу суботи фарогир ба миён омад ва давра ба давра ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум ва ба фазои меҳнати осоишта баргаштани онҳо муяссар гардид. Дар натиҷа ошкор шуд, ки акнун кишвар ба таҷдиди назар намудани маҷмуи қонунгузориҳо оид ба соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ниёз дорад.
Баъди баргузории интихоботи президентии соли 1999 мардуми кишвар дар шароити сулҳу субот ва якдилӣ роҳбари сиёсии худро дар шахсияти Пешвои милат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб кард ва имиҷи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон устувор гардид. Ҳама бовар ҳосил карданд, ки Тоҷикистон ба марҳилаи созандагӣ ва эҳёи давлатдории навини худ шуруъ кардааст.
Дар заминаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар парлумони дупалатагӣ ташкил шуд ва ба фаъолият шуруъ кард. Вазифаҳои парлумони касбӣ, яъне Маҷлиси намояндагон таҳия ва қабули қонунҳо, барномаҳо ва консепсияҳои барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар созгор муайян гардид.
Дар асоси роҳандозии сиёсати босамари иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳнамоиҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дастовардҳои назаррас ба даст омад. Маҳз дар ин давра қонунгузории соҳа такмил ва рушд ёфта, барои пешрафти соҳа заминаи мусоид фароҳам овард.
Раванди таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудан ба масъалаи шуғли аҳолӣ, бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани шаҳрвандон ва қабули қарору қонун ва барномаҳои ба ин соҳа мусоидаткунанда воқеан баъди соли 2000-ум хусусияти бесобиқа касб намуд. Аз ҷумла, қабул гардидани қонуну қарорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, “Дар бораи тартиби бақайдгирии шаҳрвандони бекор”, “Дар бораи Қоидаҳои ташкил, шартҳои гузаронидан ва номгӯи корҳои ҷамъиятӣ”, “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ расонидани хизматҳои машваратӣ ва кумаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд”, “Консепсияи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2012”, “Нақшаи миллии татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2012”, “Дар бораи Қоидаҳои ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор”, “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2006, №62”, “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои муқаррар намудани квота барои ба кор қабул кардани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ”, “Дар бораи номгӯи корҳои ҷамъиятӣ”, “Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Тоҷикистон то соли 2020”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, №181”, “Дар бораи ворид намудани тағйиротҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №93”, “Дар бораи таҳсилоти калонсолон”, “Дар бораи тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия”, “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат” ва 9 Барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2007, 2008-2009, 2010-2011, 2012-2013, 2014-2015, 2016-217, 2018-2019, 2020-2022, 2023-2027 гувоҳи возеҳи ин гуфтаҳо мебошанд, ки айни ҳол мавриди татбиқ қарор доранд.
Дар ҳамин давра, низоми муназзами фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ташкил карда шуд, ки ин сохтор алҳол дорои заминаи мустаҳками моддию техникӣ ва нерӯи кадрӣ буда, барои босамар таъмин намудани сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имкониятҳои фаровон бархурдор мебошад.
Дар даврони таҳкими дастовардҳои истиқлолияти мамлакат масъалаҳои мусоидати ройгон дар интихобу дарёфти кори мувофиқ, гирифтани маълумот дар борои ҷойҳои кории холӣ, хизмати миёнаравии ройгон, мониторинги тамоюлҳои касбӣ, тарбия ва бозомӯзии касбӣ, такмили ихтисос, пардохти кумаки молиявӣ барои давраи бекорӣ, таъмини дастгирии молиявӣ дар ташкили машғулияти инфиродӣ ва соҳибкории хурду миёна, ки ҷойҳои нави кориро ба вуҷуд меорад, аз силсилаи фаъолиятҳое мебошанд, ки тавассути ҷаҳду талошҳои кормандони Агентӣ ба амал бароварда мешаванд.
Дар ин муддат, бо дастгирии Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қисми зиёди биноҳои маъмурии сохторҳои Вазорати меҳнат, меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳоло дар биноҳои хуштарҳу замонавӣ сохторҳои Вазорат аз ҷумла, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират ва филиалҳои Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” ҷойгир карда шуда, ҳуҷраҳои корӣ ва синфхонаҳои таълимӣ бо таҷҳизотҳои замонавӣ пурра муҷаҳҳаз гардиданд. Биноҳои навбунёд имконият медиҳанд, ки сатҳу сифати хизматрасониҳои иҷтимоии муосир ба аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беҳтар гардад.
Яке аз дастовардҳои дигар ин таъсис ёфтани Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои муосир” (собиқ Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон) ба ҳисоб меравад. Муассисаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008, №115 таъсис дода шуда, нахустин маркази таълимӣ дар Осиёи марказӣ мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар филиалҳои муассисаи мазкур зиёда аз 700 ҳазор нафар шаҳрвандон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шуда, ҳамасола дар ин муассисаҳо зиёда аз 50 ҳазор нафар шаҳрвандон ба омӯхтани касбу ҳунар машғул мебошанд.
Дастоварди дигари соҳа бунёди Марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, ноҳияи Восеъ ва Марказҳои рушди малакаҳо дар шаҳри Роғун ва ноҳияи Восеъ мебошад, ки фаъолияти онҳо дар соҳибкасб гардонидани шаҳрвандон ва бо сертификатҳои байналмилалӣ таъмин намудани касбомӯзон нақши муҳим дорад.
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии тоҷикистон тайи ин солҳо фаъолияти худро дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномавии соҳа ва дастуру ҳидоятҳои дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шуда роҳандозӣ намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳо, аз қабили татбиқи сиёсати фаъол бо мақсади таъмини кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳнати арзанда, таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоии шаҳрвандон ҳангоми бекорӣ, дастгирии табақаҳои дар бозори меҳнат осебпазир, ҷалби теъдоди ҳарчи бештари аҳолии қобили меҳнат ба шуғл ва ба ин васила коҳиш додани раванди бекорию баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ба натиҷаҳои муайян муваффақ гардид.
Дар ҳамин замина, Агентӣ ҷиҳати ботадриҷ татбиқ ва амалӣ намудани сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар самти миёнаравӣ дар бозори меҳнат, тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси бекорон, дастгирии фаъолияти соҳибкории шахсони бекор, ташкили корҳои ҷамъиятии музднок, баргузор намудани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва таъйину пардохти кумакпулӣ барои давраи бекорӣ фаъолияти густурдаро роҳандозӣ намуд.
Аз ҷумла, дар даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ зиёда аз 2 миллиону 800 ҳазор нафар шаҳрвандони корҷӯй муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора ба зиёда аз 1 миллиону 500 ҳазор нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ зиёда аз 1 миллион нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд.
Ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Пешвои миллат ба оғози марҳилаи нав дар рушди устувори кишвар асос гузошт. Зеро ин ҳадаф барои таъмин намудани пешрафти иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона гардидааст.
Хушбахтона, солҳои охир бунёд гардидани як қатор корхонаҳои бузург ва хурди саноатӣ дар кишвар саҳми босазои худро дар таъсиси ҷойҳои корӣ гузошта истодааст. Дар корхонаҳои мазкур шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо кор таъмин гардида, давра ба давра сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар коҳиш ёфта истодааст.
Дар доираи ин ҳадафи стратегӣ дар панҷ соли охир беш аз 2040 корхонаҳои саноатӣ бо пешниҳоди 74 ҳазор ҷойҳои корӣ ва дар даврони соҳибистиқлолӣ бошад дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар бештар аз 4,1 миллион ҷойҳои корӣ таъсису барқарор шудааст.
Бо итминони комил гуфта метавонем, ки дар шароити кунунӣ имконияти пешниҳоди ҷойҳои корӣ дар қаламрави кишвар васеъ гардидааст. Шаҳрвандони мамлакат ҳоло бештар саъю талош меварзанд, ки дар дохили кишвар барои худ ҷойҳои кории мувофиқ пайдо намоянд.
Сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ
Давлатов С.А.