35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА НАҚШИ ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванди кишвар бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ назар намуда, саҳми худро дар ободии Ватан арзёбӣ мекунад. Яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат, ки дар ин давра ба пешрафти иқтисоди миллӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намудааст, соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ мебошад.
Дар тӯли солҳои истиқлол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолиро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намуд. Бо қабули қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ низоми бозори меҳнат такмил ёфта, барои шаҳрвандон имкониятҳои нави касбомӯзӣ, соҳибихтисос гардидан ва дарёфти ҷойи кори муносиб муҳайё карда шуданд. Ҳадафи асосии ин тадбирҳо баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, коҳиш додани бекорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои меҳнатии кишвар мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди иқтисоди миллӣ ба ташкили ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд. Бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, рушди соҳибкорӣ, сохтмони иншооти бузурги истеҳсоливу иҷтимоӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат имконият фароҳам овард, ки шумораи зиёди шаҳрвандон соҳиби ҷойи кори доимӣ гарданд. Аз ҷумла, татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар талаботро ба қувваи кории соҳибкасб афзоиш дода, барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар ин раванд нақши мақомоти давлатии соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ хеле муҳим мебошад. Онҳо сиёсати давлатро дар самти танзими бозори меҳнат амалӣ намуда, ба шаҳрвандони бекор дар интихоби касб, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва дарёфти ҷойи кори муносиб мусоидат мекунанд. Ҳамзамон, тавассути ярмаркаҳои ҷойҳои холии кор, машваратҳои касбӣ ва барномаҳои мусоидат ба шуғл, ҳамасола ҳазорон нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кори муносиб мегарданд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти соҳаи шуғли аҳолӣ рушди омӯзиши касбӣ мебошад. Бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат шаҳрвандон аз рӯйи касбҳои гуногун ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Ин иқдом ба ҷавонон, занон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ имконият медиҳад, ки соҳиби касб гардида, фаъолияти меҳнатии худро оғоз намоянд. Дар шароити рушди технологияҳои муосир омода намудани мутахассисони рақобатпазир омили муҳими пешрафти иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад.
Ҷавонон ҳамчун неруи асосии рушди ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Бо ташаббусҳои роҳбарияти давлат барои таҳсил, омӯзиши касб, рушди соҳибкорӣ ва таъмин гардидани ҷавонон бо ҷойи кор имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд. Маҳз ҷавонони соҳибмаърифату соҳибкасб метавонанд дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва рушди устувори иқтисоди миллӣ саҳми арзанда гузоранд.
Дар баробари ин, рушди соҳибкории хурду миёна низ ба беҳтар гардидани вазъи бозори меҳнат таъсири мусбат расонд. Дастгирии давлатии соҳибкорон, фароҳам овардани имтиёзҳои андозӣ ва ҷалби сармоягузорӣ боиси таъсиси корхонаҳои нав ва зиёд гардидани шумораи ҷойҳои корӣ гардид. Ин раванд барои баланд бардоштани даромади аҳолӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар солҳои истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ низ сиёсати муназзамро пеш гирифтааст. Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, омода намудани шаҳрвандон ба фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва касбҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати байналмилалӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими мақомоти давлатӣ мебошанд. Ин тадбирҳо ба баланд бардоштани рақобатпазирии қувваи корӣ ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандони кишвар мусоидат мекунанд.
Дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон бо ифтихор гуфт, ки маҳз истиқлолият барои рушди соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ заминаи устувор фароҳам овард. Имрӯз сиёсати давлатии шуғл ба таъмини зиндагии шоистаи мардум, рушди сармояи инсонӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва истифодаи самараноки неруи меҳнат равона гардидааст. Ин тадбирҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат ва рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳаммияти бузург доранд.
Соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ яке аз бахшҳои калидии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар буда, дар таъмини зиндагии арзандаи шаҳрвандон, баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистон нақши муҳим дорад.
Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ваҳдат.
Салоҳидин Хайридинзода