Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
ВОХӮРИЮ МУЛОҚОТ БО ШАҲРВАНДОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

        Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд силсилаи вохӯриҳо ва мулоқотҳои шаҳрвандон бо намояндагони раёсату шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят баргузор гардид.

       Чорабиниҳо дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии онҳо шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон оид ба хизматрасониҳои соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ мебошад.

        Дар рафти мулоқотҳо мутахассисони мақомоти меҳнат ба шаҳрвандон маълумот оид ба имкониятҳои таъмин бо ҷойҳои кори доимӣ, мавсимӣ ва ҷамъиятии музднок, курсҳои касбомӯзӣ ва дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ (аз ҷумла ҷавонон, занон, шахсони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии бозгашта) пешниҳод намуданд. Инчунин, ба иштирокчиён тартиби амалкунанда дар самти бақайдгирии шаҳрвандон ҳамчун шахсони корҷӯ ва бекорон, хизматрасониҳои марказҳои касбомӯзӣ ва дастгирии фаъолияти соҳибкории шаҳрвандони бекор шарҳ дода шуд.

          Мулоқоту вохӯриҳои мазкур яке аз роҳҳои муассири баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба имкониятҳои шуғл ва касбомӯзӣ, инчунин дастгирии сиёсати иҷтимоии давлат дар маҳалҳо ба ҳисоб меравад. Чунин тадбирҳо минбаъд низ пайваста баргузор хоҳанд шуд.

Шарикони мо