Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
БАРГУЗОРИИ ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНЕ

Бо ибтикори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе санаи 4 июн дар назди Маркази савдои “Садбарг”-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуд.

Дар ярмаркаи мазкур шуъбаҳои меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, МД “Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ”, муассисаҳои таълимии низоми Агентӣ, ҳамзамон Хадамоти муҳоҷират, МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” ва МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа ва намояндагони 21 муассисаю ташкилотҳо иштирок карда, дар маҷмуъ, 3593 ҷойҳои кории холӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба шаҳрвандони корҷӯ пешниҳод гардид.

Дар Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони корҷӯ иштирок карда, 83 нафар аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба намудҳои гуногуни шуғл дар дохил кишвар ҷалб гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои бо кор таъмин намудан, ба касбомӯзӣ ҷалб кардан ва машварати касбӣ расонидан мунтазам ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир мегардад.

Шарикони мо