Мутобиқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда аз ҷониби раёсату шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ силсилаи мулоқотҳо бо сокинон баргузор гардид.
Ҳадаф аз доир намудани мулоқоту вохӯриҳо расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, муаррифии хизматрасониҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати таъмини шаҳрвандон бо корҳои доимӣ, мавсими ва ҷамъиятии музднок, касбу ҳунаромӯзӣ ва шарҳу тавзеҳи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти шуғли аҳолӣ мебошад.