Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Хатогиҳои асосӣ ҳангоми интихоби касб

    Имрӯзҳо фаҳмидани интихоби касбе, ки то ба нафақа баромадан даромади хуб меорад, осон нест, зеро, ки технологияҳои муосир дар байни мо ҷойгоҳи устуворро ишғол кардаанд, баъзе касбҳо аз байн мераванд ва дар ҷойи онҳо касбҳои нав пайдо мешаванд. Ҳамин тариқ яке ба дигаре табдил меёбанд. Аз ин рў, на ҳама вақт маълум аст, ки кадом намуди касбу ҳунар ё тиҷорат  воқеан ба Шумо писанд аст, ва боиси пешравии  шумо мешавад. Бояд донист, ки шумо дар ҷустуҷӯи касби худ танҳо нестед. Шумораи зиёди одамон ба мисли шумо дар он фикранд, ки дар  куҷо ва ба кадом  касбу кор машғул мешаванд. Одатан, барои давом додани сулола ва тиҷорати оилавӣ касби падару модар ва бобою бибиҳояшонро интихоб мекунанд. Масалан, агар волидайни шумо духтур бошанд, хоҳиши шуморо ба инобат нагирифта  исрор мекунанд, ки таҳсилатонро бояд дар донишгоҳи тибӣ идома диҳед.    
     Бояд қайд намуд, ки наврасон одатан ба дӯстони мактабии худ сахт алоқаманданд. Пас аз мактаб зиндагии бачаҳо хеле тағйир меёбад онҳо мехоҳанд, ки ба шахсони наздики  худ пайравӣ кунанд. Аммо ин гуна ақидаҳо сабаби интихоби касби номуносиб мегардад. 
     Чаро интихоби дурусти касб ин қадар муҳим аст? Аксар вақт чунин мешавад, ки шахс ҳатто ба муассисаи таълимӣ дохил шуда, дар он таҳсил карда бошад ҳам, тасмим нагирифтааст, ки оё бо ин касб кор кардан мехоҳад ё не? Баъд аз хатми чунин таҳсил барои хатмкунанда масъалаи интихоби кор низ душвор мегардад.  Худмуайянкунии касбӣ одатан ба одамон баъди гирифтани ихтисос пайдо мешавад, ва дар ин ҷо, агар шумо дар интихоби касб самти дурустро интихоб карда бошед пас пайдо кардани кор барои шумо ҷолиб хоҳад буд. Агар ба ин касб шавқу ҳавас надошта бошед ва ё ҳангоми омўзиш касб аз байн рафта бошад, пас як давраи ноумедӣ дар ҷустуҷўи кор оғоз меёбад. Албатта, шумо ҳамеша метавонед аз нав омӯзед. Аммо вақтеро, ки  барои таҳсил сарф кардаед, касе онро ба шумо барнамегардонад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад ки дар байни довталабони дорои маълумоти олӣ, 41%-и онҳо берун аз ихтисоси дипломӣ кор мекунанд. Яъне тақрибан 5 соли умри худро беҳуда сарф кардаанд. Аз ин рӯ, хеле муҳим аст, ки хоҳишҳо, қобилиятҳо ва имкониятҳои худро хуб дарк кунед ва роҳи дурустро интихоб кунед, зеро таҳсили дуруст метавонад сабаби пешрафт дар фаъолияти касбии шумо бошад. Илова бар ин дар донишгоҳ шумо метавонед ғайр аз дониш боз робитаҳои муфид пайдо кунед, ки дар оянда хеле барои шумо муҳим хоҳанд буд.


Сармутахассиси бахши робитаҳои байналмиллалӣ
ва  ҷамъиятӣ                                                                    Файзова  З.
 

Шарикони мо