Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОХТОРҲОИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД

                                                                НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОХТОРҲОИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Санаи 22 майи соли 2026 дар Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ҷаласаи ҷаъмбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар чор моҳи соли ҷорӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муҳтарам Саидзода Шаҳбоз Майдон оғоз намуда, оид ба рафти иҷрои нишондиҳандаҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар як роҳбарони раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва марказҳои таълимии соҳа дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар алоҳидагӣ пурсида шуд.

Сипас, директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ роҳбарони раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва марказҳои таълимии соҳа дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷро намудани нишондиҳандаҳои самтҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Шарикони мо