РОҲНАМОИ ҲУҚУҚӢ
МАВЗУЪ: КӮМАКПУЛӢ БАРОИ БЕКОРӢ
1. Кӯмакпулӣ барои бекорӣ чист?
Мутобиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», кӯмакпулӣ барои бекорӣ — ёрии моддии муваққатии аз тарафи давлат кафолатдодашуда мебошад, ки ба шаҳрвандони бекори расман ба қайд гирифташуда ва барои гирифтани он ҳуқуқдошта пардохт карда мешавад.
2. Шахси бекор кист?
Мутобиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», шахси бекор шаҳрвандест, ки дар синни қобили меҳнат қарор дошта, кор, музди меҳнат ва дигар шуғли даромаднок надорад, дар ҷустуҷӯи кор мебошад, метавонад кор кунад ва барои оғоз намудани кор омода аст.
Шаҳрванд барои бекор дониста шудан бояд ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маҳалли истиқомати доимиаш муроҷиат намуда, бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шавад.
3. Кӣ ҳуқуқи гирифтани кӯмакпулӣ барои бекориро дорад?
Мувофиқи муқаррароти моддаҳои 8 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» (минбаъд – Қонун), ҳуқуқи гирифтани кӯмакпулӣ барои бекорӣ танҳо ба шахсоне дода мешавад, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби бақайдгирии шаҳрвандони бекор» (аз 30.04.2004, №170) бекор дониста шудаанд. Яъне худи муроҷиат кардан ҳанӯз барои гирифтани кӯмакпулӣ асос намешавад. Аввал шаҳрванд бояд ҳамчун шахси бекор ба қайд гирифта ва эътироф карда шавад.
Ба гирифтани кӯмакпулӣ барои бекорӣ асосан гурӯҳҳои зерин ҳуқуқ доранд:
1) Шаҳрвандоне, ки аз кор бо сабаби ихтисор, тағйири шароити меҳнат, азнавташкилдиҳӣ ё барҳамхӯрии ташкилот озод шудаанд.
Дар асоси моддаи 25 Қонун, агар чунин шаҳрванд дар давраи баъди аз кор озод шудан музди миёнаи меҳнаташро аз ҷойи кори охирин нигоҳ дошта бошад, кӯмакпулӣ барои бекорӣ ба ӯ аз рӯзи якуми баъди ба охир расидани давраи нигоҳдории музди миёна таъин карда мешавад.
Тибқи моддаи 27 Қонун, шаҳрванди бекор бояд дар давоми 3 соли охир то рӯзи муроҷиат ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ на камтар аз 18 моҳи тақвимӣ собиқаи корӣ дошта бошад ва аз музди меҳнати ин давра ҳаққи суғуртаи иҷтимоӣ пардохт шуда бошад. Ба ин гурӯҳ, шахсоне дохил мешаванд, ки дар ташкилот, муассиса, корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият, бо шартномаи меҳнатӣ кор карда, музди меҳнат гирифтаанд ва аз музди онҳо пардохтҳои суғуртаи иҷтимоӣ гузаронида шудааст.
2) Шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ тибқи даъват рухсат шудаанд.
Мувофиқи моддаи 27 Қонун, ба шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ тибқи даъват аз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қӯшуну сохторҳои ҳарбӣ рухсат шудаанд, дар сурати бо тартиби муқарраргардида бекор дониста шудан, кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъин карда мешавад.
3) Шаҳрвандоне, ки аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ё муассисаҳои табобати маҷбурӣ озод шудаанд.
Инчунин ба шаҳрвандоне, ки аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ё аз муассисаҳои табобати маҷбурӣ озод шудаанд, дар сурати бо тартиби муқарраргардида бекор дониста шудан, кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъин карда мешавад.
4. Андозаи кӯмакпулӣ барои бекорӣ чӣ қадар аст?
Мувофиқи моддаи 27 Қонун, кӯмакпулӣ барои бекорӣ чунин таъин карда мешавад:
моҳи якум — 50 фоизи музди миёнаи меҳнати ҷойи кори охирин;
моҳи дуюм — 40 фоизи музди миёнаи меҳнат;
моҳи сеюм — 30 фоизи музди миёнаи меҳнат.
Музди миёнаи меҳнат аз рӯи шаш моҳи охири кории шаҳрванд ҳисоб карда мешавад.
Дар ҳар ҳолат андозаи кӯмакпулӣ набояд аз музди меҳнати ҳадди ақали муқарраргардида кам бошад.
Агар шаҳрванд дар давоми 3 соли охир аз 18 моҳи тақвимӣ камтар кори музднок дошта бошад, вале тибқи тартиб бекор дониста шавад, кӯмакпулӣ дар ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал таъин карда мешавад.
5. Кӯмакпулӣ барои бекорӣ чанд моҳ пардохт мешавад?
Мувофиқи муқаррароти моддаи 25 Қонун, кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар давоми сол ба муҳлати на бештар аз 3 моҳи тақвимӣ пардохт карда мешавад.
Пардохт моҳе як маротиба ва тариқи ғайринақдӣ сурат мегирад. Барои идома ёфтани пардохт шаҳрванд бояд тибқи тартиби муқарраргардида аз нав бақайдгирӣ гузарад.
6. Оё шахсе, ки бори аввал кор меҷӯяд ва касбу ихтисос надорад, кӯмакпулӣ барои бекорӣ мегирад?
Дар асоси моддаи 27 Қонун шаҳрвандоне, ки бори аввал кор меҷӯянд, инчунин шахсоне, ки муддати тӯлонӣ, яъне зиёда аз як сол, кор накардаанд, ҳуқуқи гирифтани кӯмакпулӣ барои бекориро надоранд.
Барои чунин шахсон, тибқи моддаҳои 5 ва 21 Қонун, касбомӯзӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, инчунин пешниҳоди кори музднок, кори муваққатӣ ё корҳои ҷамъиятии музднок ҳамчун чораҳои асосии мусоидат ба шуғли аҳолӣ истифода мешаванд.
Нисбат ба шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда, аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ё табобати маҷбурӣ озодшуда, масъала тибқи меъёри махсуси моддаи 27 Қонун баррасӣ мешавад.
7. Кори мувофиқ чист?
Мувофиқи моддаи 1 Қонун, кори мувофиқ корест, ки шаҳрванд онро иҷро карда метавонад ва он ба ҷинс, таҳсилот, ихтисос, тайёрии касбӣ, собиқа ва таҷрибаи корӣ, вазъи саломатӣ ва шароити ҷойи кори охирин мувофиқ бошад. Ин кор бояд аз маҳалли зисти шаҳрванд дур набошад, яъне роҳ то ҷойи кор на зиёда аз як соатро ташкил диҳад ва музди меҳнаташ аз музди меҳнати ҳадди ақал кам набошад.
8. Барои шахсони беихтисос кадом кор мувофиқ ҳисобида мешавад?
Тибқи моддаи 5 Қонун, барои шахсоне, ки бори аввал кор меҷӯянд, пештар кор накардаанд ва ихтисос надоранд, кори музднок, кори муваққатӣ ва корҳои ҷамъиятии музднок, ки ба талаботи қонунгузории меҳнат ҷавобгӯ мебошанд, кори мувофиқ ҳисобида мешаванд.
9. Дар кадом ҳолатҳо додани кӯмакпулӣ барои бекорӣ қатъ карда мешавад?
Мувофиқи муқаррароти моддаи 28 Қонун, пардохти кӯмакпулӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
-шаҳрванд машғули кор эътироф гардад;
-бо роҳхати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба касбомӯзӣ, бозомӯзӣ ё такмили ихтисос фиристода шуда, стипендия гирад;
-зиёда аз як моҳ бе сабаби узрнок ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳозир нашавад;
-ба ноҳия ё шаҳри дигар кӯчад;
-муҳлати таъиншудаи пардохти кӯмакпулӣ ба охир расад;
-кӯмакпулиро бо роҳи фиреб гирифта бошад;
-бо қарори суд ба маҳрум сохтан аз озодӣ ё табобати маҷбурӣ фиристода шавад;
-ба ӯ нафақа аз рӯи синну сол ё барои хизмати дарозмуддат таъин гардад;
-ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шавад;
-дар давраи бекорӣ аз ду пешниҳоди ҷойи кори ба ихтисос мувофиқ даст кашад.
10. Шаҳрванди аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда, аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ё табобати маҷбурӣ озодшуда касбу ихтисос надошта бошад, ба ӯ чӣ хизматрасониҳо мешниҳод мешавад?
Тибқи моддаи 21 Қонун, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда, инчунин шахсоне, ки бори аввал кор меҷӯянд ва ихтисос надоранд, барои гузаштан аз тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ҳуқуқи афзалиятнок доранд.
Ба шаҳрванде, ки аз хизмати ҳарбӣ тибқи даъват рухсат шудааст ва ё аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, муассисаҳои табобати маҷбурӣ озод шудааст, агар касбу ихтисос надошта бошад, пеш аз ҳама чораҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ аз ҷумла, тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ, кори музднок, кори муваққатӣ ё корҳои ҷамъиятии музднок пешниҳод мегардад.
Мувофиқи муқаррароти моддаи 5 Қонун, барои шахсоне, ки бори аввал кор меҷӯянд ва ихтисос надоранд, кори музднок, аз ҷумла кори муваққатӣ ва корҳои ҷамъиятии музднок, ки ба талаботи қонунгузории меҳнат ҷавобгӯ мебошанд, кори мувофиқ ҳисобида мешаванд.
11. Оё шаҳрванд метавонад тайёрии касбӣ, кори ҷамъиятии музднок ё кори пешниҳодшударо рад карда, танҳо кӯмакпулӣ барои бекорӣ талаб намояд?
Тибқи моддаи 4 Қонун, шахсоне, ки бори аввал кор меҷӯянд ва ихтисос надоранд, дар сурати ду маротиба рад намудани гирифтани тайёрии касбӣ ё пешниҳоди кори музднок, аз ҷумла кори хусусияти муваққатидошта, бекор дониста намешаванд.
Аз ин рӯ, агар шаҳрванд ду маротиба пешниҳоди қонунии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолиро бе сабаби узрнок рад намояд, бекор ҳисобида намешавад ва мутаносибан, барои таъини кӯмакпулӣ барои бекорӣ ҳуқуқ надорад.
12. Агар шаҳрванд касбу ихтисос дошта бошад ё пештар кор карда бошад, вале ду маротиба кори мувофиқро рад кунад, кӯмакпулӣ барои бекорӣ мегирад?
Агар шаҳрванд касбу ихтисос дошта бошад ё қаблан кор карда бошад ва мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба ӯ ду маротиба кори мувофиқ пешниҳод намояд, вале шаҳрванд бе сабаби узрнок ин пешниҳодҳоро рад кунад, ӯ бекор дониста намешавад ва барои таъини кӯмакпулӣ барои бекорӣ асос пайдо намегардад.
Моддаи 4 Қонун пешбинӣ мекунад, ки шаҳрвандоне, ки дар муддати 10 рӯзи баъди бақайдгирӣ ду намуди ҷои кори мувофиқро рад кардаанд, бекор дониста намешаванд.