Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
      Ифтитоҳи фосилавии 4 иншооти истеҳсоливу хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

                                                                                             Ифтитоҳи фосилавии 4 иншооти истеҳсоливу хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

08.07.2026

https://president.tj/event/news/56137

8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои маъмурии Суди вилояти Суғд ба таври фосилавӣ фаъолияти чор иншооти муҳими истеҳсоливу хизматрасониро оғоз бахшиданд.

Сипас, сардхонаи муосири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лидер» бо иқтидори нигоҳдории се ҳазор тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ба истифода дода шуд. Иншоот барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозор бо маҳсулоти тару тоза дар тамоми фаслҳои сол пешбинӣ шуда, дар он 25 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфтааст.

Бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар шаҳри Хуҷанд ба таври фосилавӣ корхонаи истеҳсоли дастпӯшакҳо мавриди истифода қарор гирифт. Корхона бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз буда, фаъолияташ ба истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ивазкунандаи воридот равона гардидааст.

Дар идома бинои нави шуъбаи бақайдгирӣ ва имтиҳонҳои Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин иншоот барои хизматрасонии босифат ба шаҳрвандон ва фаъолияти самараноки кормандон шароити зарурии муосир фароҳам оварда шудааст.

Ҳамчунин, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави прокуратураи ноҳия ба фаъолият оғоз намуд. Иншооти дуошёна бо риояи талаботи муосири сохтмонӣ бунёд гардида, ба боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сатҳи хизматрасонӣ нигаронида шудааст.

Дар натиҷаи мавриди истифода қарор гирифтани ин чор иншоот дар маҷмӯъ 100 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бунёди чунин иншооти истеҳсоливу хизматрасонӣ омили муҳими рушди саноат, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум буда, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад

Шарикони мо