35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ДАВРАИ РУШДУ СОЗАНДАГӢ
Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат аз арзишмандтарин неъмат ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 ба Истиқлоли давлатӣ ноил гардид ва ин рӯйдоди таърихӣ барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи устувор гузошт. Дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ кишвари мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ноил гардид.
Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлол таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ мебошад. Бо шарофати сулҳу оромӣ имрӯз Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор қарор дошта, барои зиндагии шоистаи мардум ва пешрафти давлат тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд. Сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти давлат имкон фароҳам овард, ки соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, илм, энергетика, нақлиёт ва сайёҳӣ бо суръати баланд рушд намоянд.
Дар солҳои истиқлол ҳазорон иншооти муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла роҳҳо, нақбҳо, пулҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Ин тадбирҳо барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзанда гузоштанд.
Дар баробари ин, давлат ба масъалаи рушди захираҳои инсонӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Татбиқи барномаҳои давлатии шуғл, рушди соҳибкорӣ, касбомӯзӣ ва дастгирии ҷавонон барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мусоидат мекунад.
Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар меҳвари сиёсати давлатии Тоҷикистон қарор доранд. Барои онҳо шароити мусоид ҷиҳати таҳсил, касбомӯзӣ, фаъолияти илмӣ, варзиш ва соҳибкорӣ муҳайё гардидааст. Ҳукумати мамлакат бо қабули барномаҳои давлатӣ ва татбиқи ташаббусҳои гуногун барои иштироки фаъолонаи ҷавонон дар рушди кишвар имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун давлати ташаббускор ва сулҳпарвар эътироф гардидааст. Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар самти ҳифзи захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, мақоми байналмилалии кишварро боз ҳам таҳким бахшидааст.
Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар мояи ифтихор ва масъулияти бузург мебошад. Ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими сулҳу ваҳдат, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ватандӯст аст.
Бигзор Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша поянда бошад, сулҳу субот пойдор монад ва Тоҷикистони азизи мо рӯз аз рӯз ободу пешрафта гардад.
Сардори шуъбаи Агентии меҳнат
ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи
Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе
Неъматзода Даврон Ғайратшо