МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДӮСТӢ ВОЛИДАЙНРО ВОДОР НАМУД, КИ ФАРЗАНДАШ БА ВАТАН ХИЗМАТ КУНАД
Имрӯз сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Шаҳринав Исломзода Асомиддинро масъулияти ватандӯстӣ водор намуд, ки писараш Исломзода Саидаҳмад Асомиддин барои адои қарзи ҷавонмардонаи худ дар назди Ватан-модар ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардад. Исломзода Саидаҳмад факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро сарбаландона хатм наумуда, бо ҳидояту роҳнамоии падар бо хоҳиши худ барои сафарбар гардидан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссариати ҳарбии ноҳия ташриф овард. Қобили тазаккур аст, ки Исломзода Саидаҳмад дар даъвати баҳории ҷавонписарон бо тависяи падар ба хизмати модар Ватан меравад ва ин аъмоли онҳо намунаи ибрат барои роҳбарон ва сармашқи пайравӣ барои ҷавонони худогоҳ мебошад. Исломзода Саидаҳмад аз ҷумлаи ҷавонони хушзавқу хушсалиқа ва фаъол буда, дорои ҳуввияти баланди миллӣ, эҳтиром ва арҷгузоштан ба муқаддасоти миллиро аз камолоти ҷавонмардӣ дониста ва баҳри ҳифзу ҳимояи онҳо ҳамеша омодааст. Дар донишгоҳ таҳсилро бо баҳои хубу аъло адо, намудааст, ки оянда ҳамчун мутахассиси тахассусманд кору фаъолият намояд. Зимни сафарбар намудан Исломзода Асомиддин фарзандаш Исломзода Саидаҳмадро бо раиси Комиссияи даъватӣ, муовини раиси ноҳия оид ба корҳои идеологӣ Иброҳимзода Абдурасул шинос намуда, номбурда иброз дошт, ки хизмат ба Ватан, ҳимояи марзу бум ва баҳри ҳифзи он ҳамеша омода будан вазифаи фарзӣ ва ҳам қарзии ҳар як ҷавонмард аст. Ва барои тарбияи чунин як фарзанди баору номус ба камол расида, ба Исломзода Асомиддин волидайни даъватшаванда миннатдорӣ баён намуд. Маврид ба зикр аст, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нангу номус ва қарзи виҷдонӣ ва имонии ҳар як ҷавонмард аст. Зеро корнамоиву қаҳрамониҳои Пешвои миллат дар ин ҷода ба ҷавонони кишвар намунаи ибрат ва дарси шуҷоату мардонагӣ ва ватандӯстӣ мебошад.
Мутахассиси Агентии меҳнат ва шуғли аҳоли
дар ноҳияи Шаҳринав Исоқулова Гулшан