Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
БОЗДИД АЗ МАҚОМОТИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР ШАҲР ВА НОҲИЯИ ВИЛОЯТИ СУҒД

                                                                                     БОЗДИД АЗ МАҚОМОТИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР ШАҲР ВА НОҲИЯИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Имрӯз директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муҳтарам Саидзода Шаҳбоз Маӣдон ҷиҳати шиносоӣ бо шароити корӣ аз мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳрҳои Конибодом, Исфара, ноҳияи Ашт ва корхонаи воҳиди давлатии маркази таълимии шаҳри Хуҷанд дидан дамуда,

ҳамчунин бо раисони шаҳру ноҳияҳои мазкур дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, суҳбату вохуриҳо гузаронида шуданд.

Зимни мулоқот роҳбарияти Агентӣ ба масъулин ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ мақомоти шуғли аҳолӣ кабудизоркунии атрофи биноҳо ҷалби бештари шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ва таъмин намудани онҳо бо ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани малакаи кормандон ва баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Шарикони мо