Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
 ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВАЛАТӢ ДАР МАҶЛИСИ МУШОВАРА

                                                                                           ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВАЛАТӢ ДАР МАҶЛИСИ МУШОВАРА

Санаи 4 июни соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазир Холмаҳмадзода Солеҳа ҷаласаи Ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардида, масъала “Дар бораи таҳлили фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар самти назорати қонунгузории соҳаи меҳнат дар солҳои 2024-2025” баррасӣ гардид.

Дар ҷаласаи мазкур аъзои ҳайати мушовараи вазорат, роҳбарияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, муассисаҳои давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”, “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии командони низоми меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” ва сардорони раёсату шуъба ва бахшҳои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, минтақаҳои Ҳисор, Ваҳдат ва Рашт иштирок намуданд.

Дар ҷаласа гузориши муовини сардори раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ Баҳодуров Сафарбек оид ба таҳлили фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар самти назорати қонунгузории соҳаи меҳнат дар солҳои 2024-2025 шунида шуда, қайд гардид, ки Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ яке аз сохторҳои калидии вазорат буда, дар таъмини риояи қонунгузории меҳнат, ҳифзу бехатарии меҳнат ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандону корфармоён нақши муҳим дорад.

Зимни ҷаласа фаъолияти хадамот ва сохторҳои он дар маҳал оид ба назорати риояи қонунгузории меҳнат мавриди пурсиш ва баррасии амиқ қарор гирифта, дар муҳокимаи масъала муовини якуми вазир – сарпарасти соҳа, сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва раёсату шуъбаҳои он дар вилоятҳо ва минтақаҳо иштирок намуданд.

Аз ҷониби вазир ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва тақвияти фаъолият дар самти таъмини риояи қонунгузории меҳнат дастуру супоршҳои мушаххас дода шуда, вобаста ба баррасии масъала қарори дахлдор қабул карда шуд.

Шарикони мо