Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ ДИДАН НАМУДАНД

ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ ДИДАН НАМУДАНД

7 апрели соли ҷорӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» ҳайати кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.

Меҳмононро шахсони масъули осорхона истиқбол гирифта, аз ҷониби роҳбаладон ва ходимони илмии муассиса барои онҳо сайри осорхонавӣ баргузор гардид.

Зимни боздид кормандони Агентӣ бо табиати зебову нотакрори кишвар, инчунин бо ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои вобаста ба таъмини оби нӯшокӣ, расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва ҳифзи пиряхҳо шинос шуданд.

Ҳамзамон дар толорҳои дигари осорхона онҳо бо осори таърихию фарҳангии ниёгон, ёдгориҳои нодири бостоншиносӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар аз наздик шиносоӣ пайдо карданд.

Инчунин ҳайати кормандони Агентӣ аз ғановати таъриху фарҳанги миллӣ ва мероси пурқимати ниёгон таассуроти нек бардоштанд.

Шарикони мо