Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Истиқлолият – ин шарафу номуси мост

“Истиқлолият – ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш аст”,-мефармояд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Боиси ифтихору сарфарозии мо миллати тоҷик аст, ки аз умқи таърих барои гузаштагони мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, хусусан, барои мо мардуми кишвар мафҳуми бисёр азиз буд, ҳаст ва хоҳад монд. Имрӯзҳо бошад метавон ба сарбаланди гуфт, ки сокинони кишвари мо ба қадру манзалати ин неъмати ҳаётбахш бештар мерасанд.
Зеро ин истиқлолу озоди барои мо имконият фароҳам овард, ки тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рӯ ба пешрави ниҳод. Аз ҷумла, мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ба ин тариқ  беҳтар гардонидани вазъи зисту зиндагии сокинони биҳиштосои кишварамон.  Дар ин самт бисёр тадбирҳои муҳим андешида шуданд, ки ҳар яки он барои беҳ гардидани шарту шароит ва зисту зиндагии мардуми кишвар равона гардидааст.  
Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ-ин ба даст овардани мувозинат байни талабот ва пешниҳоди қувваи корӣ ва дар ҳамин радиф амалӣ намудани сиёсати фаъол дар бозори меҳнат мебошад. 
“..аз соли 1995 сар карда, то соли 2021 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, стипендия, кӯмакпулӣ ва ҷубронпулӣ ба ҳисоби миёна 17 маротиба зиёд шудааст”,-ин омил ба сатҳи зиндагии аҳолии кишвар таъсири мусбати худро гузошт. 
Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат  ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки “Дар ин давра зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуда, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт”.
Яъне ҳар як иқдоме, ки дар ин самт ба роҳ монда мешавад, ба иҷро расидаистодааст,  ки дар рафти иҷроиши онҳо зиндагии мардум куллан рӯ ба рушд ва давлати мо рӯз аз рӯз ободтару зеботар мегардад. 
Ҳамагон хуб огаҳанд, ки дар сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди бозори меҳнат ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ мавқеи асосӣ дорад.
Ҳар сол барои ҷавонон ихтисосу касбҳои ҷавобгу ба бозори ҷаҳони рӯи кор меоянд, Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон қайд намуданд, ки “Ҳоло дар кишвар 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи 97 ихтисос ва 5 маркази таълими калонсолон бо 41 филиал ва 21 намояндагӣ аз рӯи 93 касб кадрҳои коргарӣ тайёр мекунад”. Яъне, дар солҳои соҳибистиқлоли барои соҳибкасб будани мардум Ҳукумати кишвар тамоми тадбирҳои заруриро андешидааст. Метавон бо сарбаланди гуфт, ки имрӯз барои ҷавонон ва тамоми пиру барнои кишвар шароити таҳсили сатҳи ҷаҳони муҳайёст. Дар ин самт мо миллати сарбаланди тоҷикро мебояд, дар паҳлуи Ҳукумати кишвари худ ва Пешвои ғамхору меҳрубонамон бошему барои ояндаи худу наздиконамон ҷаҳду талош намоем. 
Сол то сол дар Паёмҳои солонаи худ Президенти маҳбубамон, ба тамоми соҳаҳо диққати ҷиддӣ дода, барои беҳбуд бахшиданашон тадбирҳо меандешанд. Аз ҷумла, ба ҷойи клор таъмин намудани шаҳрвандон, беҳтар сохтани шарту шароити соҳаи маорифу тандурустӣ ва дигар соҳаҳои кишвар. 
“Соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд.Дар ин давра зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуда, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт”, омадааст дар Паёми имсола, ки далели гуфтаҳои болост. 
Солҳои 2020 - 2021 дар саросари кишвар  иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи ҷашни сисолагии истиқлол банақшагирифташуда, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, ки имрӯзҳо бо чашми сар мебинем, ки яке пайи дигар бунёд ва ба истифода супорида шуда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё карда шудаистодааст.
Соли 2021 барои кишвари биҳиштосои мо ва мардуми сарбаландаш соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ мебошад. Бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ тамоми хурду бузурги миллати сарбаланди мо дар самти худ дастбакор аст, то ин санаи фархунда бо шукуҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил гардад. 
Имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар тамоми шароитҳои сатҳи ҷаҳонӣ барои мо муҳайёст. Дар ин росто вазифаи асосии ҳар яки мо бошад, ин  содиқона хизмат кардан ба халқи азизи худ ва кишвари биҳиштосоямон-Тоҷикистон мебошад ва моро мебояд, ки ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дар паҳлуи давлату миллат ва роҳбари хирадманди  худ бошем. Ҳар яки мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем. Яъне корро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон тарзе ташкил кунем, ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошад.
“Ман ба нерӯи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем”,-ин боварии томест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кулли миллати сарбаланди тоҷик лоиқ донистанд. Аз ин рӯ, хурду бузурги мардуми кишвар бояд, ба қадри ин бовари расанду ба он сазовор буданашонро тариқи кору пайкорӣ созандаи худ нишон диҳанд. 
Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки дар шароити пуртазоду пурҳаводиси имрӯза ҳимояи неъмати барои ҳар як инсони баномус бузургтарину муқаддас – истиқлолу озодӣ кори саҳлу осон нест. Аз ин рӯ, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояти он омода бошем. Ҳифзи ин гавҳари бебаҳо аз ҳар яки мо саъю талош ва кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ, нангу номуси миллӣ, заҳмати содиқонаву фидокорона ва муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъӣ мехоҳад.  
Бояд гуфт, ки бе шаку шубҳа мустақилият ва доштани давлати мустақил барои дилхоҳ миллат ифтихори бузург аст. Ояндаашонро аз имрӯз месозанду барои  дар таърих бо номи нек ва ҳамчун миллати озоду соҳибдавлат барои  ояндагон боқӣ монданашон имрӯз талош менамоянд.
Воқеъан ҳам, доштани давлати мустақил ба дилхоҳ милат имкон медиҳад таъриху фарҳанги гузаштаи худро ҷустуҷӯ карда омӯзад ва дар оянда барои  ривоҷу равнақаш ҷаҳду талош варзад. 

Директори КВД «Маркази
касбомӯзии ш. Душанбе» 
Аминҷони А.

Шарикони мо