Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
37 НАФАР ШАХСОНИ ДОРОИ МАҲДУДИЯТИ ШУНАВОӢ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМАИ КАСБӢ ГАШТАНД

37 НАФАР ШАХСОНИ ДОРОИ МАҲДУДИЯТИ ШУНАВОӢ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМАИ КАСБӢ ГАШТАНД

Санаи 28-уми ноябри соли 2025 дар КВД “Маркази таълимии шаҳри Душанбе”-и Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи миллии ношунавоёни Тоҷикистон малакаҳои касбии 37 нафар шахсони дорои маҳдудияти шунавоӣ бо шаҳодатномаҳо сарфароз гардиданд.

Иштирокчиён малакаҳои худро аз рӯи дӯзандагӣ, қаннодӣ, дуредгарӣ ва асосҳои компютерӣ санҷида, шаҳодатномаҳои тахассусии касбӣ гирифтанд.

Шахсони ношунаво — ин афроде мебошанд, ки шунавоии онҳо пурра ё қисман аз байн рафтааст. Аз нуқтаи назари тиббӣ, ношунавоӣ метавонад модарзод бошад ё баъд аз таваллуд дар натиҷаи бемориҳо, осебҳо ё омилҳои дигар ба вуҷуд ояд.

Ин гурӯҳ дар саросари ҷаҳон ба яке аз қишрҳои муҳими ҷомеа шомил мешавад, ки барои фароҳам овардани шароити баробар, дастгирӣ ва мутобиқсозӣ ба онҳо таваҷҷуҳи вижа лозим аст.

Шахсони ношунаво қисми ҷудонашавандаи ҷомеа мебошанд, ки ба дастгирӣ, фаҳмиш, фарогирӣ ва эҳтироми махсус ниёз доранд. Онҳо, сарфи назар аз маҳдудияти шунавоӣ, дорои қобилиятҳои бузурги эҷодӣ, зеҳнӣ ва меҳнатӣ мебошанд. Дастгирии давлатии самаранок, фароҳам сохтани шароити таҳсил, касбомӯзӣ ва ҷойи кор, инчунин аз байн бурдани монеаҳои иҷтимоӣ метавонад онҳоро ба шарикони пурра ва фаъолони бунёдкори ҷомеа табдил диҳад.

Шарикони мо