Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
БАРГУЗОРИИ ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ ВА ВАЗИФАҲОИ ОЗОД ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

БАРГУЗОРИИ ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ ВА ВАЗИФАҲОИ ОЗОД ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Санаи 28-уми ноябри соли ҷорӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони ба Ватан бозгашта ҷиҳати интихоби кори мувофиқ ва ба кордиҳандагон барои интихоби мутахассисони ба талаботашон мувофиқ аз ҷониби раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе дар хиёбони Рӯдакӣ 10, гулгашти ба номи Куйбишев ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро баргузор намуд.

Дар ярмарка корхонаю ташкилот, муассисаҳо, ширкатҳо ва марказҳои касбомӯзӣ иштирок карда, ба корҷӯён ҷойҳои кории холӣ ва хизматрасониҳои касбомӯзиро пешниҳод намуданд.

Дар ярмаркаи мазкур роҳбарияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, роҳбарияти ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ширкат варзида, бо намояндагони корхонаю ташкилотҳо ва корҷӯён мулоқот намуданд.

Бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва эҳтиёҷ ба ҷойҳои нави корӣ, ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ яке аз роҳҳои муассири коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум маҳсуб меёбад. Ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ як василаи муҳими пайваст кардани кордиҳандагон бо шахсони ҷӯяндаи кор ба ҳисоб меравад.

Шарикони мо