Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
 Рузи байналмилалии оила муборак бошад!

 

                                Оила нишонаи ҳастии  миллат

      Ҳамасола 15 май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад, ки он соли 1994 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст. Оила – сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагист. Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, идомаи таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф аст.

«Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти  имрўзи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва рафти инкишофи худи инсон, рушди ҷомеа вобаста мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ— Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон баён доштанд, ки “давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони  ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».

Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.  Мояи ифтихор аст, ки давра ба давра беҳтаршавии вазъи иқтисодӣ, паст гаштани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат ва таъмини беҳдошти зиндагии мардум барои равнақи созандагӣ ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ заминаи устувор фароҳам меорад. Ҳифзу ҳимояи оила ҳамчун асоси солимии ҷомеа аҳамияти бештар пайдо карда, моро водор месозад, ки беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, ба тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, меҳру муҳаббати инсониро фаромӯш насозем, нисбат ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем ва бо кумаку дастгирии ҳамдигар тамоми мушшкилотҳоро  паси сар намуда, ба хотири ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон заҳмат кашем.

Рӯзи байналмилалии оила муборак бошад ҳамватанони гиромӣ! Ба Шумо рӯзгори ободу осуда, тансиҳатӣ ва иқболи некро таманно дорем.

  Бигузор чароғи хонадонатон ҳамеша равшан ва суфраатон ҳамеша рангин бошад!

 

Мудири бахши иттилооти

Фарангези Ҷамолидин

Шарикони мо