ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ИДИ ҒАЛАБА
Дар толори маҷлисгоҳи бинои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо иштироки васеи кормандон чорабинӣ бахшида ба ифтихори Рузи Ғалаба баргузор гардид.
Дар чорабинӣ табрикоти директори Агентӣ бахшида ба иди Ғалаба шунида шуда, баъдан мушовири директори Агентӣ ва муовинони директор суханронӣ намуда, табрикоти худро ба муносибати 81 - умин солгарди Рузи Ғалаба баён намуданд.
Гуфта шуд, ки ин ғалабаи бузург натиҷаи дӯстии халқҳо, муборизаи дастаҷамъона ва намунаи олии ватандӯстии халқу миллатҳои гуногун барои ҳимояи Ватан ва озодӣ мебошад. Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихору сарфарозӣ иброз медорем, ки дар таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари фарзандони дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва халқҳое, ки бар зидди фашизми гитлерӣ мубориза бурдаанд, родмардони бонангу номуси кишвар саҳми арзишманд гузоштаанд.
Дар фарҷом муовини якуми директор Садриддинзода Аврангзеб Бобоҷон бори дигар иштироккунандагонро бо ин иди таърихӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони мамлакат фазои орому осуда, сиҳативу саломатӣ ва ба Тоҷикистон азизамон сулҳу суботи ҷовидонаро орзу намуданд.