Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
ИФТИТОҲИ ШУЪБАИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ

  ИФТИТОҲИ ШУЪБАИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ

Дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бинои нави маъмурии шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор додашуд.

Бинои замонавӣ аз 3 ошёна иборат буда, ҳама ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудааст, ки барои фаъолияти пурсамари кормандони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахши Хадамоти муҳоҷират ва филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” дар ноҳияи Панҷ мусоидат мекунад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби беш аз 50 нафар сокинони маҳаллӣ ҷавобгӯ ба талаботи замон анҷом дода шудааст.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни боздид аз имконоти фароҳамшуда ва сифати корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, кормандони соҳаро ба хизмати содиқонаю софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Бинои нави шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Панҷ аз 10 ҳуҷраи барҳавои корӣ ва 4 синфхонаи омӯзишӣ, ҳамчунин маҷлисгоҳ бо 20 ҷойи нишаст иборат буда, дорои беҳтарин шароити корию таълимӣ аст.

Минбаъд сокинони ноҳияи Панҷ дар синфхонаҳои дорои шароити хуби ҳунаромӯзӣ аз рӯйи ихтисосҳои қаннод, дӯзанда, технологияи компютерӣ, кафшергарӣ ва асбобҳои барқӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Панҷ соли 2016 оғоз гардида, фармоишгар Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ ва корҳои таъмирӣ»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ ҶДММ “Ғайрат М” мебошад ва корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиккомунпроект»-и шаҳри Душанбе сурат гирифтааст.

Масоҳати умумии бино аз 637,68 м квадратӣ иборат буда, арзиши лоиҳавии он 4 млн. 441 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки акнун дар филиали МД "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон имкони ҳамасола ба касбомӯзӣ фаро гирифтани то ҳазор нафар шахсони бешуғл мавҷуд аст.

Бино ва саҳни он зебову назаррабо буда, дар атрофаш роҳравҳо сохта шудааст. Иншооти навбунёд метавонад солҳои дароз ба мардуми ноҳияи Панҷ хизмат намояд.

 

 

Шарикони мо