Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Тавзеҳ додани муқаррароти боби 11-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Мавзу: Тавзеҳ додани муқаррароти боби 11-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оиди ба Музди меҳнат»

       Яке аз масъалаи муҳим дар самти беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолиин баланд бардоштани музди маоши кормандон ва саривақт пардохт намудани он ба ҳисоб меравад.

- музди меҳнат – маҷмӯи подошҳои бо воҳиди пулӣ ҳисобкардашудае, ки корфармо уҳдадор аст онҳоро ба корманди кироя барои корҳои амалан иҷрошуда, ҳамчунин барои он муддате, ки ба вақти корӣ дохил мешавад, пардохт намояд;

       Дар маҷлисгоҳи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо мақсади иҷрои супориши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ оид ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, баргузории мизҳои мудаввар, семинарҳои машваратӣ, омӯзишӣ, дастурдиҳӣ ва расонидани кумаки методию амалӣ  ва хизматҳои машваратӣ ба корхонаю ташкилотҳо вобаста ба муқаррароту талаботҳои боби 11 кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Музди меҳнат” моддаи 140-кафолати пардохти музди меҳнат ва моддаи 141-кафолати давлатӣ оид ба пардохти музди меҳнати кормандон банди 2-и  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 августи соли 2011, №387 “Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №1126 вобаста ба музди меҳнати хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ “фармоиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2008, №75 “Дар бораи пардохти музди меҳнати иловагӣ ба корманд дар мавриди бо аӣби корфармо ба таъхир афтодани музди меҳнат” бо иштироки сармуҳосибону коргузорон, раисони иттифоқҳои касаба ва хадамоти ҳифзи меҳнати муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, маориф, саноат, молия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мизи мудаввар  доир гардид.

     Оиди мавзӯъ Икромов Шералӣ- корманди ҳифзи меҳнати беморхонаи марказӣ, Ҷумаев Ризвон-сармуҳосиби шуъбаи дезинфексия, Икромов Тилло-сармуҳосиби маркази ВНМО, Раҷабии Эмомад-коргузори КДФ ХМК, Набиева Розиямо-мутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ баромад намуданд. Баромадкунандагон доир ба  кафолати пардохти музди меҳнат сарфи назар аз вазъи молиявии корфармо, маъни табъиз дар пардохти музди меҳнат, риояи шартномаи меҳнатӣ, аз андозаи ҳадди ақали музди меҳнат камтар набудани андозаи музди меҳнат, низом ва кафолати давлатӣ оид ба пардохти музди меҳнати кормандон маъруза  намуданд.

      Инчунин нисбати меъёрҳои соатбаӣъ ё моҳонаи тарифӣ (маошҳо), ки сатҳи музди меҳнатро барои гурӯҳҳои мушаххаси кормандони касбию дараҷадор - оиди зиёд намудани музди меҳнат барои кор дар шароитҳое, ки аз шароитҳои меъёрӣ фарқ мекунанд, аз ҷумла барои корҳои шабона, кор дар рӯзҳои истироҳатӣ ва ид, зиёда аз вақти муқаррарӣ кор кардан, маҳалҳое, ки шароити номусоиди табиию иқлимӣ доранд, кор дар шароитҳои зарарноку вазнини меҳнат табодули назар намуданд.

       Намояндагони иттифоқҳои касаба оиди ҳамкориҳои судманди шарикони иҷтимоӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ, назорати давлатии пардохти пурраи музди меҳнат, ки амалӣ намудани кафолатҳои давлатӣ оид ба қисмати андозаи он ва ҷавобгарии корфармо барои ваӣрон кардани шартҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ оид ба музди меҳнат фикрҳои ҷолиб баён карданд.

       Низомномаи тартиби ҳисоб ва пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатимансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар асоси  Ҷадвали ягонаи тарифӣ чун замимаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 августи соли 2011, №387, ва фармоиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2008, №75“ Дар бораи пардохти музди меҳнати иловагӣ ба корманд дар мавриди бо аӣби корфармо ба таъхир афтодани музди меҳнат”  тариқи нусхабардорӣ ба иштирокчиён бо мақсади дар амал татбиқ намудан тақсим карда шуданд.

     Миёни ширкаткунандагон муколамаи судманд сурат гирифт.

       

 Шаӣдулло Назаров –сармутахассиси ШАМША

          дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Шарикони мо