Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Дар вилояти Хатлон

Дар вилояти Хатлон барои соҳибкасбгардидани шаҳрвандони аз 18-сола болои бе шуғл тадбирҳои муассир андешанд.

    Масъулини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон супориш гирифтанд, ки якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои шуғлнокӣ ва соҳибкасб гардонидани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд, тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар ин хусус  зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон, ки 27 апрел дар ноҳияи Данғара доир гардид, иттилоъ дода шуд.

Ҳамчунин дар мулоқоти мазкур ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав дастуру супориш дода шуд, ки якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва сармоягузорон барои ҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳои амалкунанда ва барқарорсозии фаъолияти корхонаҳои аз кор бозмонда чораҷуӣ намоянд.

Дар мулоқот роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм барои ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, хусусан, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон, таъмиру навсозии муассисаҳои таълимӣ ва иҷрои саривақтиву босифати барномаҳои давлатии қабулгардида тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба риояи қонунияту тартибот ва волоияти қонун дар вилояти Хатлон, пешгирӣ кардани ҳама гуна қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва таъмин намудани волоияти қонун андешаронӣ карда, дар назди масъулини вазорату идораҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

 

Шарикони мо