Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
«Принсипҳои асосӣ барои интихоби дурусти касб»

Ҳар як хонанда пас аз хатми муассиса бояд дар хаёти худ кадами масъулиятноктарин — интихоби касбро гузорад. Касб як самти бошуурона интихобшудаест, ки шумо дар он вақт   ва кӯшиши зиёд сарф мекунед. Хеле муҳим аст, ки қобилиятҳо ва хислатҳои характер ба намуди фаъолияти шумо мувофиқат кунанд.  Ҷаҳони ботинии ҳар як шахс, фардият ва асолати ў бештар ба инкишофи ў ва албатта, ба интихоби касб таъсир мерасонад. Имрӯзҳо касбҳои зиёде мавҷуданд ва ҳар як хатмкунанда бо интихоби душвор рӯ ба рӯ мешавад ва тасмим мегирад, ки бо кадом фаъолият машғул шудан, дар куҷо таҳсил кардан ва дар оянда ба куҷо рафтанаш ҷолиб хоҳад буд. Зеро, меҳнат як кисми бузурги ҳаёти инсон аст ва шумо бояд ба ин масъала бо масъулияти калон, бе хулосаи шитобкорона муносибат кунед. Муҳим он аст, ки касби дӯстдоштаи худро барои худ интихоб кунед, то дар оянда ба шумо манфиатовар бошад. Пас аз хатми мактаб ҷавонон ба ҳаёти мустақилона шурӯъ мекунанд. Онҳо метавонанд ба кор шурӯъ кунанд, ба тиҷорат машғул шаванд ё таҳсили худро барои гирифтани маълумоти олӣ идома диҳанд. Бояд ёдовар шуд, ки дар ҷаҳон беш аз 40000 намуди касб вуҷуд дорад, аз ин рӯ интихоб ва тасмим гирифтан хеле мушкил аст. Баъзеҳо худашон қарор қабул мекунанд ва баъзеҳо ба маслиҳати волидонашон амал мекунанд.  Барои мисол агар сохиби касби коргарӣ шудан хохед, бе дахолати касе шумо   метавонед ба омўзишгоҳи касби-техникӣ дохил шавед. Ин ҷо мехоҳам аз таҷрибаи худ қайд кунам. Тули ҳаёт борҳо ман аз худ мепурсидам: "Баъд аз хатми мактаб чӣ кор кардан мехоҳам?" Чанд сол пеш ба ин савол ҷавоб додан бароям душвор буд. Бо гузашти вақт ман борҳо фикрамро дигар кардаам, ки бояд ба кадом соҳаи илм ё саноат ихтисос ёбам. Муайян ва интихоб  кардан ва аз байни  касбҳое, ки ба ман мувофиқ будан хеле душвор буд.  Принсипҳои асосӣ (барои ман) ҳангоми интихоби касби оянда кадомҳоянд?  Аввалан, он бояд ҷолиб бошад. Сониян, бояд ба назар гирифт, ки ризку рузиро пайдо кардан лозим аст. Ғайр аз ин,шумо бояд донед, ки  вақте шумо касбатонро нодуруст интихоб кардед, ва дар оянда тарки он намудед, проблемаи хеле муҳим бекорӣ  ба миён меояд. Аз ин рӯ, шумо бояд касберо интихоб кунед, то ин, ки дар оянда кори дилхоҳ ва  муносибро пайдо карда тавонед. 
Ман аз аввал мехостам ҳамчун модарам омўзгор шавам, зеро хуб медонистам, ки ин касби наҷиб, вале душвор аст. Ҳангоми дар синфҳои 8-9 хонданам ман фанҳои забон ва адабиётро  хуб медонистам.  Ман орзу мекардам, ки ба кўдаконе, ки ҳарфҳоро намешиносанд кӯмак расонам. Ман медонам, ки омўзгор бояд олиҷаноб бошад. Пас аз суолу ҷавоб бо худ ва фикри зиед оқибат мақсаде дар назди худ гузоштам, ки ман бояд омўзгор бошам. Инак ман касби дилхоҳ ва дўстоштаамро интихоб намудам ва итминони комил дорам, ки ман интихоби дуруст кардаам. Зеро дар бораи ин касб маълумоти хеле бисёр, қобилият ва шавқу ҳавас доштам. Ман аз он мефахрам, ки ин касбро пеша кардам ва насли наврасро таълиму тарбия додаам. Имрўз низ ман вазифаи худро иҷро карда истодаам, бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кор карда, бо онҳо машваратҳои касбӣ мегузаронам ва онҳоро барои интихоби дурусти касб роҳнамоӣ мекунам. Дар охир ҳаминро гуфтаниям, ки касберо интихоб кунед, ки дар оянда аз он бифахреду пушаймон нашавед. 
                
Мудири бахши робитаҳои  
байналмиллалӣ ва ҷамъиятӣ                                             Амиршоева Г.Ё.                    

Шарикони мо