Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
АШТ ВА ПАНҶАКЕНТ: Боздиди гуруҳи кории вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

АШТ ВА ПАНҶАКЕНТ: Боздиди гуруҳи кории вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд гуруҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ аз имкониятҳо ва инфрасохтори зарурии соҳа дар ноҳияи Ашт ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дидан намуданд.

Ҳайати гурӯҳи корӣ бо мақсади омӯзиши масъалаҳои ҷойдошта дар самти меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, рушди ҳунармандӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ иборат аз Раҳмонзода Абдуғаффор Азиз – муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Муродзода Дӯстмурод Ҳайит – сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Каримзода Тоҳир Авғон – сардори Хадамоти муҳоҷират, Баротзода Бобохон Хол – сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Қурбонзода Файзиддин – сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ, Муродзода Муҳсин Муқим – сармутахассиси Раёсати таҳлил, молия ва дурнамо, сардорони раёсатҳои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд муддати се рӯз масъалаҳои марбутаи соҳаро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Ҳайати гуруҳи кориро дар ноҳияи Ашт раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ва дар шаҳри Панҷакент раиси шаҳри Панҷакент роҳнамоӣ намуданд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолон” вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба масъулини соҳа дастур дод, ки ҷиҳати зиёд намудани курсҳои омӯзишӣ, курсҳои омӯзишии сайёр дар минтақаҳои дурдаст дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи вазорат тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ карда шавад.

Зикр гардид, ки амалӣ гардидани тадбирҳо ҷиҳати рушди ҳунармандӣ, эҳёи анъанаҳои мардумӣ ва омӯзиши касбҳои муосир дар минтақҳои дурдасти кишвар барои соҳибкасб намудани аҳолӣ заминагузорӣ намуда, барои барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди омӯзиши наврасон тавассути омӯзиши оилавӣ ва гуруҳӣ мусоидат менамояд.

Гуруҳи кории вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳати ҷорӣ намудани курсҳои омӯзишии қолинбофӣ, қаннодӣ, кафшергарӣ, ронандагӣ, забономӯзӣ, омӯзиши копютерӣ ва ихтисосҳо вобаста ба талаботи бозори меҳнат тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ карда шуда, дар ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳо ва ташкилотҳои хӯрду бузург пайваста ярмаркаҳои ҷояиҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро ташкил ва роҳандозӣ намояд.

Зимни боздид аз литесйҳои касбии техникӣ ва суҳбат бо ҳайати омӯзгорону ҳайати роҳбарикунандаи муассисаҳои мазкур вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъулин даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, ҷорӣ намудани касбҳои муосир ва ҷавобгу ба талаботи бозори меҳнат дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи вазорат ҳамкорӣ намуда, дар соли хониши 2021 – 2022 нақша чорабинии мукаммал таҳия ва тасдиқ намоянд.

Зикр гардид, ки дар Паёми имсолаи хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии кишвар масъалаи ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии кишвар эълон намуданд, ки ин масъулият моро боло бурда, вазифадор менамояд, ки дар муддати ду соли оянда баҳри беҳтар гардидани шароити таҳсил ва ҷорӣ намудани барномаҳои муосир имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода намоем.

Шарикони мо