Санаи 11- уми феврал дар ноҳияи Вахш аз ҷониби раёсат ва шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияҳои Вахш ва Кушониён ярмаркаи чойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор карда шуд. Дар ярмарка беш аз 192 ҷойҳои кории холӣ пешниҳоди корҷуён гардида, ба 24 нафар роххат барои ҷойи кор дода шуд.
Дар ярмарка директори Агентии меҳнат ва шуғли ахолӣ Саидзода Шаҳбоз Майдон иштирок намуда, бо иштирокчиён ва корҷуёни ярмарка суҳбат гузаронида ба масъулин баҳри пешрафти кори соҳа дастуру супоришҳои муфид доданд.