Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Мулоқот бо Раиси Шурои директорони СИТИС Груп Корпорейшн Лимитед (CITIC Group Corporation Ltd.) Си Гохуа

Мулоқот бо Раиси Шурои директорони СИТИС Груп Корпорейшн Лимитед (CITIC Group Corporation Ltd.) Си Гохуа

11.05.2026

https://president.tj/event/news/55534

11 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Шӯрои директорони СИТИС Груп Корпорейшн Лимитед (CITIC Group Corporation Ltd.) Си Гохуаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо ба дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои инфрасохтор, логистика, бахши бонкӣ, саноат ва соҳаи кӯҳӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ба роҳандозии ҳамкории судбахш алоқамандии худро таъкид доштанд.

Шарикони мо