Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Баргузории семинари машварат дар мавзӯи хадамоти ҳифзи меҳнат.

                                   Баргузории семинари машварат дар мавзӯи

                                                    хадамоти ҳифзи меҳнат.

   Дар маҷлисгоҳи шуъбаи  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо мақсади иҷрои мактуби  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз 5 майи соли 2023,№1.4/425 оид ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, баргузории мизҳои мудаввар, семинарҳои машваратӣ, омӯзишӣ,  дастурдиҳӣ ва расонидани кумаки методию амалӣ оиди  қарори Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2018, №18 “Дар бораи Низомномаи (намунавии) Хадамоти (раёсат, шуъба, бахши)  ҳифзи меҳнат дар ташкилот”  бо иштироки  кормандони соҳави  маориф,  саноат,  кишоварзӣ ва фарҳангу тандурустӣ  семинар-машварат гузаронида шуд.

    Қайд гардид, ки дар моддаи 353 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарчашмаҳои маблағгузории ҳифзи меҳнат маблағгузории ҳифзи меҳнатро, ки аз ҳисоби маблағҳои ҳамасолаи пешбинишавандаи буҷети давлатӣ, корфармоён ва сарчашмаҳо қонунӣ сурат мегирад, дарҷ гардидааст. Маблағгузории ҳифзи меҳнат, ки дар буҷетҳои дахлдор бо сархати алоҳида ҷудо карда мешавад, барои нигоҳдории мақомоти идоракунии ҳифзи меҳнат, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, иҷрои барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат истифода бурда мешавад.

   Ҳар як ташкилоту корхона ҳар сол барои ҳифзи меҳнат дар ҳаҷми муайян маблағҳои зарурӣ ҷудо менамояд, ки дар шартномаҳои коллективӣ нишон дода мешаванд. Аз ҷониби кормандон ташкилот дар ин самт ягон хароҷот талаб карда намешавад.

 Мутобиқи моддаи 355 кодекси мазкур барои ташкили ҳифзи меҳнат дар ташкилот бо теъдоди кормандон зиёда аз 50 нафар хадамоти ҳифзи меҳнат,  ки бевосита ба роҳбари ташкилот тобеъ мебошад, ташкил карда мешавад. Дар мавриди аз 50 нафар камтар будани шумораи кормандон корфармо дар бораи таъсиси хадамоти ҳифзи меҳнат ё ҷорӣ намудани вазифаи (мансаби) мутахассис оид ба ҳифзи меҳнат вобаста ба хусусияти фаъолияти истеҳсолии ташкилот қарор қабул мекунад ё уҳдадориҳоро оид ба ҳифзи меҳнат ба зиммаи дигар мутахассис вогузор менамояд. Низомномаи намунавии хадамоти ҳифзи меҳнат дар ташкилот аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ тасдиқ карда мешавад.

    Дар ҳайати хадамоти ҳифзи меҳнати ташкилот вобаста ба хусусияти истеҳсолот ё дар сурати бештар аз 500 нафар будани шумораи кормандон вазифаи табиб оид ба гигиенаи меҳнат ҷорӣ карда шуда, лабораторияи саноатию санитарӣ таъсис дода мешавад. Дар мавриди кам будани теъдоди кормандон, вале мавҷудияти омилҳои зарарноки истеҳсолӣ чунин лабораторияҳо метавонанд аз ҷониби якчанд ташкилот тибқи принсипи соҳавӣ ташкил карда шаванд.

    Барҳам додани хадамоти ҳифзи меҳнати ташкилотҳо танҳо дар мавриди қатъ гардидани фаъолияти онҳо мумкин аст. Масъалаҳои марбут ба таъсис ё азнавтаъсисдиҳии хадамоти ҳифзи меҳнатро маъмурият, кумитаи иттифоқи касаба ва ё намояндагони кормандон ҳал мекунанд.

    Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хадамоти ҳифзи меҳнат дар ҳамкории бевоситаи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар беморхонаи марказӣ, беморхонаи рақамии Саричашма ва кумаки аввалияи тиббию санитарӣ таъсис дода шудааст.

    Дар бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ №1 МТМУ №22 МТМУ №4  мактаб интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдоки ятим МТМУ №7 ва МТМУ №2 ва корхонаи дузандагӣ хадамоти ҳифзи меҳнат таъсис дода нашудааст.

    Ба унвони мудирони шуъбаи маориф ва бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ноҳия дархостҳои расмӣ оиди иҷрои талаботи моддаҳои 353 ва 355 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва   қарори Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2018, №18 “Дар бораи Низомномаи (намунавии) Хадамоти (раёсат, шуъба, бахши) ҳифзи меҳнат дар ташкилот” дархостҳо ирсол гардида Низомномаи намунавӣ ба мутассадиён дастрас кунонида шуд.

    Ба  директорони муассисаҳои таълимӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №701 “Дар бораи маъқул донистани Созишномаи Генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023”, ки дар банди панҷум –ҳифзи меҳнат сархати якум таъсис додани хадамоти ҳифзи меҳнат дар ҳамаи ташкилотҳое, ки зиёда аз 50 корманд доранд, таъқид гардидааст, тақсим карда шуд. Чорабинии мазкур  бо мақсади таъмин намудани ҳифзи меҳнат дарҷ гардидааст.

    Семинар-машвар хеле ҷолиб ва манфиатбахш сурат гирифт

 

Назаров Шайдулло-сармутахассиси

ШАМША дар  н.Шамсиддин Шоҳин

тел  -  905007292.          988051031.

 

Шарикони мо