Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Моҳияти интихоби дурусти касб барои насли наврас

    Бояд қайд намуд, ки, интихоби дурусти  касб барои насли наврас ниҳоят муҳим аст, зеро онҳо бо ин интихоб тақдири худ ва ба тақдири миллат бояд таъсири худро расонанд. Касби интихобшуда бояд ба хусусиятҳои фардию равонии шахс мувофиқ бошад. Шахсе, ки касбашро нодуруст интихоб кардааст, ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣӣ худро комёб эҳсос карда наметавонад, зеро қисми зиёди ҳаёти шахс бо касби интихобкардааш алоқаманд аст.   Ҳамчунин як омили муҳими дигареро, ки ҷавонони мо дар интихоби касб бояд ба инобат гиранд, ин доштани маълумоти мукаммал оид ба касбҳое, ки барои баланд бардоштани иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад, зеро ватани тозаистиқлоли мо роҳи нави тараққиёти босуръатро пеш гирифтааст, дар ин шароит касбҳое, ки бозори меҳнати ватанӣ ба он эҳтиёҷ дорад, бояд омўхта шаванд. Ҷавононро лозим аст, ки малакаву дониш ва истеъдоди худро барои соҳиб шудан ба касбҳои ба бозори меҳнат ҷавобгў мувофиқ созанд. Мақсади ниҳоии инсон бояд на танҳо соҳиб шудан ба ин ё он касб бошад, балки хушбахтӣ ва қаноатмандии аслиро шахс он вақт эҳсос мекунад, ки аз касби ў Ватан обод ва халқ манфиат бинад.
    Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ машварату маслиҳтҳои касбиро, ки аз ҷониби мутахассисони ботаҷриба омода гаштааст, барои ҷавонони бекор, хатмкунандагони мактабҳои тахсилоти миёнаи умумӣ, маъюбон, муҳоҷирон, афсарон, шахсони аз маҳбас озодшуда пешкаш менамояд. Бояд зикр намуд, ки ин маслиҳатҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи интихоби бошууронаи касб, қобилияти касбомўзии онҳо равона гаштаанд.
    Дар ҳалли ин масъалаи душвор ва муҳим ба насли наврас мо бояд саҳмгузор бошем. Хонандагон мустақилона аз ўҳдаи ҳалли ин масъала намебароянд.  Бинобар ин  омўзгоронро зарур аст, ки дар баробари таълиму тарбия ҳатман хонандагонро ба омўзиши касбу ҳунарҳои замонавӣ, ки барои пешрафти иқтисодиёти мамлакат заруранд, ҳар чӣ бештар тариқи сўҳбату машваратҳои фардӣ ҷалб намоянд. Инчунин, дар кори тарғиби интихоби касб ҳамаи таълимгоҳҳо, марказҳои шуғли аҳолӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва ғайра бояд иштирок намоянд. Ба воситаи машварат, шахс метавонад майл, шавқу ҳавас, қобилият, имкониятҳои худро маълум намуда, баҳри бартараф кардани  норасоии худ бикўшад. Хислатҳои манфии худро рафъ сохта, қобилияти худро сайқал бидиҳад, мустақилона нақшаҳои ояндаи касбии худро тартиб дода, аз паси амалӣ гардонидани онҳо кўшиш ба харҷ диҳад.  
      Бояд ёдовар шуд, ки агар дар ҷараёни интихоби касб ҷавонон ягон мушкилот дошта бошанд, пас мутахассисони мо ба онҳо кўмак мерасонанд, то ки дар асоси хоҳиш ва донишу талаботи кишвари азизамон касбатонро интихоб намоед

    Мутахассиси пешбари  шуъбаи 
    машварати касбӣ ва  интихоби касби 
    Муассисаи давлатии «МҶРК                                                      Ҳоҷиев Ҳ.
 

Шарикони мо