МАШҒУЛИЯТИ ИДОРАВӢ ДАР МАВЗӮИ ШАРҲУ ТАВЗЕИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Санаи 27-уми феврал тибқи Нақшаи машғулиятҳои идоравӣ, дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ машғулияти идоравӣ дар мавзуи шарҳу тавзеҳи татбиқи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардид.
Машғулияти идоравиро муовини директори Агентӣ Муродзода Умед оғоз карда қайд намуд, ки қабули қонун дар самти танзими ҷашну маросим барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, пешгирӣ аз зиёдаравӣ ва хароҷоти беҳуда нигаронида шудааст.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби Чилахон Раҷабалӣ - сармутахассиси Раёсати танзими ҷашну маросими Кумитаи дин, танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, доир ба татбиқ ва амалисозии қонуни мазкур маълумоти муфассал манзур гардид.
Дар фарҷом доир ба мавзуъ суолу ҷавоб доир гардид.
Бахши иттилоотии дастгоҳи марказии
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ