Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
   Истиқлолияти давлатӣ, ки арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик

ИСТИҚЛОЛИЯТ ПОЙДЕВОРИ СУЛҲУ САОДАТИ МИЛЛАТ. 

  Истиқлолияти давлатӣ, ки арзишмандтарин дастоварди миллати бунёдкору фарҳангсолори тоҷик буда, барои бунёди давлатдории навин, рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ заминаи боэътимод фароҳам овардааст,  ки сивусесол сол пур мешавад.

 Дар таърихи навини Тоҷикистон 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои мо миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад.

       Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд. Сарвари давлати тоҷикон паӣваста тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.
        Тамоми сокинони кишвари озоду ободи  мо имрӯз ифтихор аз он дорад, ки 33 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои поӣдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидааст.
         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд. 

        Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи  ниёгонамон ва паӣвастани он ба оини давлатдории навини миллиамон меноманд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳиби кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».

         Солҳои охир гулгашту хиёбонҳои поӣтахти азизамон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ва ҷидду ҷаҳди бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ободтару зеботар гашта, маҳбуби дили сокинони поӣтахту кишвари азизамон ва меҳмонони шаҳрамон гаштаанд. Бунёди паӣкараи аввалин давлатдори тоҷикон Исмоили Сомонӣ, барафрохтани Парчами миллӣ, китобхонаи миллӣ, осорхона, театр, сохтмони садҳо биноҳои баландошёна давлати моро дар қатори кишварҳои пешрафта қарор дода, аз дастовардҳои истиқлолият маҳсуб меёбанд. Сокинону меҳмонон бо завқ дар поӣтахти мамлакатамон саӣру гашт намуда, саӣёҳони хориҷӣ шаҳри Душанберо «Шаҳри гулҳо» ном гузоштаанд. Пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти шаҳрвандон боиси он гаштааст, ки ҳамасола ба Тоҷикистон ҳазорон саӣёҳони хориҷӣ ташриф оранд.

Дар ҳамин замина Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати ботадриҷ татбиқ ва амалӣ намудани сиёсати давлатии  мусоидат ба шуғли аҳолӣ тибқи ҳуҷҷатҳои консептуалии соҳа дар самти миёнаравӣ дар бозори меҳнат, таӣёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси бекорон, дастгирии фаъолияти соҳибкории шахсони бекор, ташкили корҳои ҷамъиятии музднок, баргузор намудани ярмаркаи ҷоӣҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод  таъину пардохти кӯмакпулӣ барои давраи бекорӣ фаъолияти густурдаро роҳандозӣ намуда ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ»,  ва Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳо аз қабили татбиқи сиёсати фаъол бо мақсади таъмини кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳнати арзанда, таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоии шаҳрвандон ҳангоми бекорӣ, дастгирии табақаҳои дар бозори меҳнат осебпазир, ҷалби теъдоди ҳарчи бештари аҳолии қобили меҳнат ба шуғл ва ба ин васила коҳиш додани сатҳи бекорию баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум тадбирҳои самарабахшро амалӣ менамояд.

        Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба рӯзи  ҷашни 33- юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, фаӣзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.

      

Мудири бахши иттилоотии

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Фарангези Ҷамолидин

 

 

Шарикони мо