«ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА» – ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН БАҲРИ ОЯНДАИ ОСОИШТАИ БАШАРИЯТ
Дар ҷаҳони имрӯз, ки инсоният бо таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудааст, таҳкими сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ аз муҳимтарин вазифаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Дар чунин шароит қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, аҳамияти таърихӣ ва ҷаҳонӣ дорад.
Ин ташаббус идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна ва башардӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Давлате, ки худ талхии ҷангро таҷриба кардааст, имрӯз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ паёми сулҳ, дӯстӣ ва ҳамкориро мерасонад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки ҳар гуна ихтилофро метавон бо роҳи муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ҳал намуд.
Мафҳуми «сулҳ барои наслҳои оянда» маънои амиқ дорад. Сулҳ танҳо барои имрӯз нест, балки сармоягузорӣ ба фардои башарият мебошад. Наслҳое, ки дар муҳити ором ба воя мерасанд, соҳиби дониши мукаммал, ҷаҳонбинии васеъ ва ҳисси баланди масъулият мегарданд. Танҳо дар фазои сулҳу субот илм рушд мекунад, иқтисод пеш меравад, фарҳанг густариш меёбад ва зиндагии шоистаи мардум таъмин мешавад.
Мақсади асосии Даҳсолаи байналмилалӣ ташаккули фарҳанги сулҳ дар ҷаҳон мебошад. Ин маънои онро дорад, ки давлатҳо бояд на танҳо барои пешгирии ҷангҳо, балки барои тарбияи инсонҳои сулҳпарвар, таҳаммулгаро ва масъулиятшинос талош намоянд. Дар ин раванд нақши муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва махсусан ҷавонон хеле муҳим мебошад.
Ҷавонон ворисони ояндаи давлат ва ҷомеа мебошанд. Аз ин рӯ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ яке аз ҳадафҳои асосии ин ташаббус мебошад. Агар ҷавонон арзиши сулҳро дарк намоянд, онҳо дар оянда барои пешгирии низоъҳо, таҳкими дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Ташаббуси Тоҷикистон давлатҳоро ба ҳамкории бештар дар масъалаҳои амният, рушди устувор, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва баробарӣ даъват мекунад. Зеро сулҳи пойдор танҳо дар сурате таъмин мегардад, ки ҳамаи кишварҳо худро дар назди наслҳои оянда масъул эҳсос намоянд.
Қабули ин қатънома аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эътирофи нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор ва сулҳпарвар мебошад. Ин бори дигар нишон медиҳад, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ равона гардида, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз дастгирии васеъ бархӯрдор аст.
Имрӯз номи Тоҷикистон дар ҷаҳон на танҳо бо ташаббусҳои обу иқлим, балки бо ташаббусҳои сулҳофар низ пайванд ёфтааст. Ин барои ҳар як шаҳрванди кишвар мояи ифтихор мебошад. Ҳар як сокини Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми мустақими ӯ дар татбиқи ин ташаббуси байналмилалӣ мебошад.
Дар ин раванд нақши ҳар як падару модар, омӯзгор, хизматчии давлатӣ ва намояндаи ҷомеа муҳим аст. Тарбияи фарзандон дар рӯҳияи дӯстӣ, эҳтироми инсон, таҳаммулпазирӣ ва муҳаббат ба Ватан беҳтарин замина барои татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалӣ хоҳад буд.
Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036) на танҳо як санади байналмилалӣ, балки даъват ба ҳамгироӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштарак дар назди ояндаи башарият мебошад. Бо татбиқи ҳадафҳои ин даҳсола метавон барои наслҳои оянда ҷаҳони амнтар, осоишта ва пур аз имкониятҳоро бунёд кард.
Инсоне, ки сулҳро ҳифз мекунад, дар асл ояндаи фарзандони худро ҳифз мекунад. Маҳз ҳамин андеша ҷавҳари асосии ташаббуси нави байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ САИДЗОДА ШАҲБОЗ МАЙДОН