Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
ВОХУРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ВОХУРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО НАМОЯНДАГОНИ ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОҶИРАТ, АГЕНТИИ СММ ОИД БА МУҲОҶИРАТ, ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ БРИТАНИЯ

17 сентябри соли 2024 мулоқоти муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ бо намояндагони Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират, агентии СММ оид ба муҳоҷират, Вазорати корҳои хориҷии Британия (UK FCDO), ИА, САҲА, Бонки ҷаҳонӣ, ЮНИСЕФ, ФАО, ЮНФПА, Занони СММ, USAID, ICMPD, ICAP, CIPE, UNHCR баргузор гардид.

Дар доираи вохурӣ ҷаласаи гурӯҳи кории DCC ба мусоидат ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии байни ҷонибҳои манфиатдори асосӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳамкории устувор, таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ ва пешбурди идоракунии дуруст нигаронида шудааст.

Инчунин ба ҳифз ва расонидани кӯмак ба муҳоҷирони осебпазир ба зӯроварӣ истисмор ва сӯиистифода, рушди иқтидори институтсионалӣ барои пешгирӣ ва мубориза бо қочоқи муҳоҷирон ва қочоқи одамон мавриди баррасии тарафҳо қарор дода шуданд.

 

 

Шарикони мо