Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
 ИШТИРОКИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАРОСИМИ ГУЛЧАНБАРГУЗОРӢ

                   ИШТИРОКИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАРОСИМИ ГУЛЧАНБАРГУЗОРӢ

     Санаи 9 - майи соли 2023  дар «Боғи Ғалаба»-и пойтахт ба ифтихори 78-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 маросими гулчанбаргузорӣ доир гардид.

     Дар маросими гулчанбаргузорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок карда, ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги дуюми ҷаҳон нисор кардаанд, дар назди «Оташи ҷовидон» гулчанбар гузоштанд. Бо гузоштани гулчанбар дар рӯз хотираи қаҳрамонони халқи тоҷик руҳи шаҳидони роҳи озодӣ гиромидошта шуд.

Дар ин маросим ҳамчунин, аз номи Қувваҳои мусаллаҳ ва сохторҳои қудратӣ, собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон, намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва Пойгоҳи ҳарбии 201-и Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузошта шуд.

Шарикони мо