Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
         МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ МИССИЯИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

                                                               МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ МИССИЯИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз 19 сентябри соли 2024 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо намояндагони миссияи Бонки Ҷаҳонӣ, ки бо масъалаҳои корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, мулоқот анҷом доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо доир ба масъалаҳои марбут ба татбиқи саривақтии “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”, аз ҷумла, таҳияи “Феҳристи шахсони бекор”, “Феҳристи муҳоҷирони меҳнатӣ”, “Махзани ҷойҳои кории холӣ”, “Барномаи фарогирии иқтисодӣ”, ҳарчи бештар ба шуғл ва касбомӯзонӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта табодули афкор намуданд.

Дар вохӯрӣ роҳбарони сохторҳои таркибии вазорат, аз ҷумла, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, муассисаҳои давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” ва “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” иштирок намуданд.

Шарикони мо