Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Ҷавонон қувваи бузург ва ҳастии миллатанд.

        Ҷавонон қувваи бузург ва ҳастии миллатанд.

Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро  ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву  ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил мекуннад. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкории худ рушд мекунад ва солҳои минбаъда ба як давлати мутараққию пешрафтаи ҷаҳон табдил хоҳад ёфт. Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зӯру бозӯи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан мешаванд.

Давлати мо, яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин (70% аҳолиро шахсони то 30 сола) дар дунё ба шумор рафта, аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо нерӯи бузурги мутаҳаррики рушди кишвар мебошанд. Чунонки ишора намудем, дар шароити муосир танҳо доштани нерӯи ҷисмонии холис барои рушди як кишвар кифоя нест, балки баръакс, баъзан мавриди истифодаи нодуруст қарор гирифтани он, дарди сари як давлату ҳукумат шуда метавонад. Аз ин рӯ, нерӯи ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шараф аст, ки агар он сарчашмаи тавлидкунандаи  назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, обод кориву бунёдкорӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлат бошад.

  Яъне, вақте ин маҷмӯи бузург аз миқдор ба сифат гузарад. Ё ба қавли Абулқосим Фирдавсӣ «Пароканда лашкар наояд ба кор, Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор». Танҳо доштани лашкари зиёд кофӣ нест, балки муттаҳид, боазму иродаи матин, ҷасур ва соҳиби маърифати баланд будани ҷавонон мавриди ифтихор ва шарафмандӣ мебошад. Ғайри он, ин нерӯи бузург метавонад омили қафомонӣ, бенизомиву бетартибии ҷомеаву давлат ва паст фаромадани обрӯву нуфузи давлат дар минтақа ва арсаи ҷаҳон гардад.

   Имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи ассосии пешбарандаи  онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тассавур кардан ғайри имкон аст.

   Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ таъкид мекунанд, ки созандагиву ободкории миллату давлат дар дасти ҷавонон аст ва ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои давлату миллатанд. Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи ҷавонон бошанд ва афкору андешаи тозаи онҳо ба роҳ ёфтани ақоиду амали гурӯҳҳои тундраву ифротгаро дар фазои Ватан имкон надиҳад.

    Дар заминаи ҳамин ғамхориву дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир дар доираи Рӯзи ҷавонони кишвар силсила чорабиниву маросимҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ ва маърифатӣ доир мегарданд.

 

  Мудири бахши иттилоотии

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

      Фарангези Ҷамолидин.

 

 

Шарикони мо