Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
ТАШРИФИ ГУРУҲИ КОРӢ БА ШАҲРИ КОНИБОДОМ

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд гуруҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ аз муассисаҳои зертобеи вазорат дар шаҳри Конибодом дидан намуданд.

Дар шаҳри Конибодом ҳайати гуруҳи кории вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси шаҳри Конибодом Тухтасунзода Абдусалом ҳамроҳӣ намуд.

Зимни боздид аз иншоотҳои сохторҳои маҳаллии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Конибодом вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз масъулини соҳа даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи касбомӯзии аҳолии кишвар, ҷорӣ намудани касбҳои муосир ва мутобиқ ба бозори меҳнат, ташкили курсҳои сайёри омӯзишӣ барои калонсолон, ҷорӣ намудани курсҳои қолинбофӣ миёни занони хонашин ва ҷалби бештари аҳолӣ ба касбомӯзӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.

Зимни боздид аз филлиали Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолон” дар шаҳри Конибодом ба роҳбарияти муассиса дастур дода шуд, ки курсҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шуда, мутобиқ ба дархости сокинони маҳаллӣ курсҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ дар ду баст ба роҳ монда шавад.

Зикр гардид, ки дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 -2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” имкон фароҳам омад, ки садҳо навъи ҳунарҳои миллӣ эҳё гардид. Дар ин давра дар ҳар гушаи мамлакат вобаста ба омӯзиш ва азхуднамоии ҳунарҳои мардумӣ марказҳои ҳунарҳои миллӣ таъсис дода шудааст, ки имконияти омӯзиши ҳунарҳои миллиро барои сокинони мамлакат фароҳам меоварад.

Дар ин замина, гуруҳи корӣ аз литсейҳои касбии саноати дӯзандагӣ ва саноати кишоварзии шаҳри Конибодом дидан намуда, бо ҳайати омӯзгорон суҳбат намуданд.

Зимни боздид аз муассисаҳои давлатии таълимӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои таълим, омӯзиши малакаҳои касбӣ, баланд бардоштани сифати таълим, ҷалби устоҳои таълимии соҳибтахассус, ҷорӣ намудани касбҳои коргарӣ мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат ва таъмиру азнавсозии устохонаҳои таълимӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда, ба устодону омӯзгорон ва ҳайати роҳбарияти муассиса дастур дода шуд, ки ҷиҳати бартараф кардани мушкилотҳои ҷойдошта дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи вазорат тадбирҳои муштаракро роҳандозӣ намоянд

Шарикони мо