Гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ имрӯз аз литсейҳои касбии нафт ва газ ва саноати кӯҳии шаҳри Исфара, шуъбаи Агентиии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Исфара ва Маркази таълимии калонсолон дар шаҳри мазкур дидан намуданд.
Зимни боздид аз муассисаҳои давлатии таълимӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои таълим, омӯзиши малакаҳои касбӣ, баланд бардоштани сифати таълим, ҷалби устоҳои таълимии соҳибтахассус, ҷорӣ намудани касбҳои коргарӣ мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат ва таъмиру азнавсозии устохонаҳои таълимӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда, ба устодону омӯзгорон ва ҳайати роҳбарияти муассиса дастур дода шуд, ки ҷиҳати бартараф кардани мушкилотҳои ҷойдошта дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи вазорат ҳамкорӣ намуда, масъалаҳои ҷойдошта давра ба давра бартараф карда шаванд.
Инчунин, зимни суҳбат бо хонандагони муассисаҳои мазкур масъалаи барномаҳои таълимӣ, дастрасӣ бо китобҳои умумитаълимӣ ва тахассусӣ, ҷорӣ намудани методҳои муосири азхуднамоии барномаҳои таълимӣ, ташкили дарсҳои таҷрибавӣ ва барои беҳтар гардидани сифати таълим ба ҳайати омӯзгорон ва роҳбарияти муассиса маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Ҳамзамон, барои соҳибкасб намудани занону бонувон, ҷавонону наврасон ва сокинони маҳаллӣ тавсия дода шуд, ки курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии сайёр дар ҷамоату деҳоти дурдасти шаҳри Исфара ба роҳ монда шавад.