ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ САИДЗОДА ШАҲБОЗ МАЙДОН
БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони гиромӣ!
Афсарону сарбозони шуҷои Ватан!
Бо шукргузорӣ аз сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои орому осуда таҷлил менамоем.
Бо ифтихори беандоза 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо таҳният гуфта, пеш аз ҳама сиҳатмандӣ, саодату комёбӣ ва ба кишвари азизамон пешрафту ободӣ ва суботу оромии ҷовидонаро орзу менамоям.
Имрӯз Тоҷикистон аз зумраи он кишварҳоест, ки баҳри ҳифзи хоки худ истодагарӣ карда метавонад, ҷавонони бонангу бономус, родмардони шуҷоъи Ватан пуштибони марзу буми аҷдодианд.
Бовар дорем, ки соли 2026 афсарону сарбозони далеру шуҷои Ватан таҳти сарварии хирадмандонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи Ватан, дастовардҳои истиқлол ва сулҳу осоишро вазифаи пуршарафи худ ҳисобида, рисолати фарзандии худро дар назди миллат ва давлати худ содиқона адо намуда, бо интизоми намунавӣ ва омодабошии ҳамешагӣ ба халқу Ватан хизмати содиқона менамоянд.
Бо чунин таманниёти нек бори дигар ҳамаи Шуморо бо ин санаи муборак табрик гуфта, бароятон хонаи обод, рӯзгори босаодат, иқболи нек, файзу баракати зиндагӣ, дастовардҳои нав ба нав ба кишвари азизамон оромию осоиштагии ҳамешагӣ ва ба афсарони шуҷои Ватан матонату мардонагии аз ин бештарро орзу менамоям.
Бигзор дар Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ ва осмони софу беғубор ҷовидонӣ бошад!
Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!