Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Бе дарду ранҷ ганҷ муяссар намешавад.

Бе дарду ранҷ ганҷ муяссар намешавад.

Дар ҳунар кўш, ки зар чизе нест,

Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест.

Ҳунаре беҳ, ки диҳад симу зарат,

Ҳунари аз дилу ҷон ранҷ барат.

 

Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дорои, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида ўро болидарўҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар дарахти босамареро мемонад, ки шабеҳи меваҳои болаззату хурданбоб аст. Шахси боҳунар дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон обест зулолу ошомиданӣ.

 

Заҳмату кору ҳунар касро намояд номдор,

Олиҳиммат кас зи ҳастии ҳунар мумтоз шуд.

 

Шахси ҳунармандро ҳар як дақиқаи умр ғанимат аст ва онро ба ҷою бамаврид истифода мебарад. Намегузорад, ки лаҳзае ройгон гузарад. Аз донае хирмане месозад, аз матое ҷомае медўзад, аз гуле гулзор ҳосил мекунад. Бо дастони ҳунарманду бузургу меҳнатофаринаш ақли бинандаро асир месозад. Ҳунарҳои волои ҳунармандони асилро дида бешубҳа ононро ҳунармандони бузург номгузорӣ мекунем, ки ин номҳои бузург бе меҳнату заҳмати зиёд ба даст намеоянд. Барҳақ гуфтаанд:

 

Бе дарду ранҷ ганҷ муяссар намешавад.

 

Музди меҳнати бузурги кас агар аз як тараф маош бошад, аз тарафи дигар, омухтани ҳунар бузург аст. Ҳамаи ҳунарҳо ҳангоми омӯзиш душворие доранд, ранҷе доранд, ки касро дилгир месозанд, вале кам одамоне ёфт мешаванд, ки ин душвориҳоро паси cap намоянду ҳунаре омўзанд. Бехабар аз он ки омўхтани ҳар як ҳунари воло инсонро дар зиндагӣ воломақому соҳибтаҷриба ва бузургдилу бообрў мегардонад. Тавре бузургон мегуянд: «Ҳунар давлати поянда ва чашмаи зоянда аст».

Ҳунармандӣ асил бо ҳунари волои худ дар ягон давру замон ба касе ё ниёзе эҳтиёҷ пайдо намекунад. Дастнигар намегардад, зеро худ кони ҳунари волост. Ҳунар як коргоҳи бузургест, ки доимо ҳамсафари касони боистеъдод аст. Яъне ҳунарманд коргоҳ намеҷўяд ва ба куҷое, ки наравад, метавонад бо дастоварди бузурги худ музде пайдо намеояд, ки боиси рўзгузарониаш гардад. Илова бар ин, бо ҳунари волояш машҳур гашта, қудрату манзалати  зиёд пайдо мекунад.

Шахсе, ки устувории пойдевори ҳаёти хешро меандешад, ҳамеша пайи омўзиш аст. Мекушад ҳамеша чизеро омўзад, ки боиси волоҳунар гардиданаш  гардад.

 

 

 

Дар тамоми давру замонҳо нафароне, ки соҳибҳунар буданд бо мақому воломақом гаштаанд. Дар ҳар давру замоне тақозои айём будааст, ки одамон ҳунар омӯзанд то душвориҳои зиндагиро бо меҳнати ҳалол бартараф намоянд.

Таърихи инсоният исбот намудааст, ки ҳар нафаре, ки боистеъдод ва ҳунарманд аст бо фарқ аз дигарон зиндагии хубу осудатаре дорад ва ба худу ҷомеъа суди зиёд меоварад.

Бузурге фармудааст:

Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ,

Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.

 

Бо шароити пурталотуби ҷомеъа, раванди ҷаҳонишавӣ ва зиндагии сангини мардум, ки имрӯз бисёр ба сахтию душворӣ мегузарад хукумати Тоҷикистон ба хотири соҳибҳунар ва бо ҷои кор таъмин намудани мардуми кишвар, ки аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ҳастанд саъю талош меварзад. Омӯхтан ва омӯзонидан ин хислати неки одамист ҳунар чароғест, ки роҳи зиндагиро равшан мекунад. Дар ҷомеъаи имрӯза бидуни надоштани ҳеҷ шуғле зиндаги кардан ва зиндагии хуб доштанро орзӯ кардан аст ва одами ҳушманд ва заки кушиш мекунад ҳади ақал  ҳунаре дошта бошанд.

Имрӯзҳо ба хотири соҳибшуғл гардонидани мардуми кишвар филиали Муассисаи давлатии "Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон" дар шаҳри Бохтар бисёр ба маврид ва бузург аст. Ин муассиса дар соли 2008 ташкил ёфта ва то имрӯз ба мардуми азизамон ба хотири касб омӯхтан ва соҳибшуғл гардонидани эшон хидмати боарзише карда карда истодааст.

Муассисаи мазкур аз руй 31-ихтисос (дузандагӣ, ошпазӣ, челонгарӣ, барқчӣ, кафшергар, информатика, муҳосиб ва ғ.) ба хоҳишмандони аз синни 18 сола хизматрасонӣ менамояд.

Филиали Муассисаи давлатии "Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон" дар шаҳри Бохтар имрӯзҳо аз руйи се самт фаъолият мекунад:

1.  Аз руйи барномаи мусоидат бо шуғли аҳолӣ мебошад, ки тибқи харитаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин марказ бо ноҳияҳои Кушониён, Ҷайҳун, Вахш ҳамкории худро ба роҳ мондааст. Шаҳрвандони бешуғле, ки дар мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шудаанд баъди 10-рӯз онҳо дар марказ ба касбомӯзи ҷалб карда мешаванд.

2.  Самти дуюми фаъолияти муассисаи мазкур ба тариқе ба роҳ монда шудааст, ки нафароне ки барқчии хуб ё челонгарӣ хубанд, аммо шаҳодатномаи касбӣ надоранд, метавонанд бо супоридани имтиҳонҳои муайяншуда соҳиби  шаҳодатномаи  касбӣ гарданд.

3.         Самти сеюми фаъолият ин худмаблағгузор мебошад, ки  дар ин самт шаҳрвандон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

Фаъолияти ин гуна марказҳо имконият медиҳад, ки шаҳрвандони бешуғл ба хотири шароити хуби зиндагӣ доштан бо меҳнати ҳалол соҳиби касб ва пешбарандаи  хонаводаву ҷомеа бошанд.

Шахсе, ки устувории пойдевори ҳаёти хешро меандешад, ҳамеша пайи омўзиш аст. Мекушад ҳамеша чизеро омўзад, ки боиси волоҳунар гардиданаш гардад. Дар натиҷаи меҳнати гарон ба касе амалеро анҷом диҳад, ки ҳам боиси хурсанд гардидани ў ва ҳам барои худаш манбаи омузиш бошад. Ҳар як инсон дар зиндагӣ меъмори худ аст ва аз худ метавонад шахсияти бузург пайдо созад. Ин бузургӣ ба хираду дониши кас вобастагӣ дорад.  Ҳунарманд ҳарҷо бошад, қадр бинад ва боло нишинад , мегўянд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон борҳо дар бораи соҳибкасб шудани мардуми шарифи Тоҷикистони азизамон  мегўянд. Таваҷҷўҳи беандоза доранд, ҳунару ҳунармандиро ташвиқ мекунанд, имтиёзҳо ҷорӣ менамоянд то сатҳи зиндагии инсонҳои ҳунарманд беҳтару хубтар шавад. Дар паёми солонаи худ Президенти мамлакат ҳамеша ба ин масъала таваҷҷўҳ намуда, сол аз сол кумаки дастгириҳои Роҳбари Олии кишварамон барои баланд бардоштани сатҳи касбияти мардум меафзояд. 

Воқеан ҳам, шахси ҳунарманд ва соҳибкасб бо дастранҷи бузурги худаш метавонад дигаронро шефта гардонад, ба фикр водор созад, ки чӣ тавр ў тавонистааст чизе офарида, дигаронро ба ҳайрат гузорад. Рўзгори осуда ва зебо дорад. Ҳунар инсонро хор шудан намемонад. Аз ин рў зарур аст, ки дар самти  соҳибкасб намудану рушд додани ҳунарҳои миллӣ ва муосир бештар талош намоем то ҷомеаи имрўзи мо боз ҳам рангинтару сатҳи зиндагии мардумамон баландтар бардошта  шавад.

 

                                                                                        Сармутахассиси ФМД “МТКТ”                                        дар шаҳри Бохтар, Зулайхои Х.

 

Шарикони мо