27 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ташриф оварданд. Пешвои миллат бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии “Бобои Алимардон” шинос шуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд. Хоҷагии мазкур дар масоҳати 4,10 гектар замин ташкил гардида, дар он зироатҳои гуногуни кишоварзӣ парвариш карда мешавад. Аҳли заҳмати хоҷагӣ дар масоҳати 2,4 гектар замин пахта, дар 10 садяк замин картошка, дар 30 садяк пиёз ...