Главная / Все новости
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ ВАЗИФАИ ТЕХНИКӢ

МУТАХАССИС ОИД БА МУҲИТИ ЗИСТ

I. МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

Ҳукумати Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) барои татбиқи лоиҳаи “Модернизатсияи ҳифзи иҷтимоӣ ва фарогирии иқтисодӣ” грант ба маблағи 37,5 миллион доллари амрикоӣ гирифт.

Ҳадафи лоиҳа дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи оилаҳои камбизоат ва осебпазир аз хавфҳо, мусоидат ба фарогирии иқтисодӣ ва такмили низоми ҳифзи иҷтимоӣ мебошад.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВММША) яке аз ду муассисаи татбиқкунандаи лоиҳа - якҷоя бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд ВММША) тавассути Гуруҳи татбиқи лоиҳа (минбаъд ГТЛ) иҷрокунандаи Қисмати 2-и лоиха (Дастгирии бекорон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ) мебошад, ки мутахассисони инфиродиро барои иҷрои вазифаҳои мушаххас дар татбиқи лоиҳа масъуланд, аз ҷумла мутахассис оид ба ҳифзи муҳити зист барои иҷрои корҳои зарурӣ ҷалб менамояд.

ГТЛ ВММША масъулияти умумӣ барои иҷрои тамоми фаъолиятҳо дар доираи Қисматҳои 2 ва 4.2, аз ҷумла ӯҳдадориҳои фидусиариро дорад. ГТЛ ВММША идоракунии ҳаррӯзаи лоиҳаро дастгирӣ мекунад, аз ҷумла дастгирӣ оид ба техникӣ, молиявӣ ва харид, кафолатҳо ва равандҳои мониторинг ва арзёбӣ барои ду Қисмат (2 (2.1, 2.2, 2.3) ва 4 (4.2)) ӯҳдадор мебошад.

II. ҲАДАФИ ВАЗИФА

Мақсади асосии вазифаи техникии мазкур ин таъин намудани мутахассиси ботаҷриба, соҳибихтисос ва бомаҳорат барои кӯмак ба ГГЛ вазорат дар омодасозӣ ва татбиқи чораҳои дахлдори экологӣ барои риояи стандартҳои нави Чаҳорчӯбаи экологӣ ва иҷтимоии Бонки Ҷаҳонӣ мебошад.

III. УХДАДОРИХО ВА ДОИРАИ КОР:

Таҳти роҳбарии бевоситаи Ҳамоҳангсози лоиҳа ва дар ҳамкории зич бо мутахассиси рушди иҷтимоӣ, мутахассис оид ба муҳити зист масъули ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳаррӯзаи лоиҳа оид ба идоракунии хатарҳои экологӣ мебошад:

Вазифаҳои асосии мутахассис зеринро дар бар мегирад:

• Таъмини сиёсат ва самти умумии техникӣ оид ба идоракунии хатарҳои экологӣ дар доираи лоиҳа (тавре ки дар Чаҳорчӯбаи идоракунии

муҳити зист ва иҷтимоӣ (ESMF) муайян шудааст);

• Кафолат додани иҷрои саривақтӣ ва мунтазами ӯҳдадориҳои экологӣ, ки дар Нақшаи ӯҳдадориҳои экологӣ ва иҷтимоии лоиҳа (ESCP) зикр шудаанд;

• Мутобиқати лоиҳа ба стандартҳо ва расмиёти Чаҳорчӯбаи экологӣ ва иҷтимоии миллӣ ва Бонки Ҷаҳонӣ.

Уҳдадориҳои мутахассис зеринро дар бар гирифта, ҳамзамон маҳдуд нест:

• Ҳамоҳангсозии зич бо ГТЛ барои баррасӣ ва тасдиқи қарорҳо, тавсия додан вобаста ба ташхиси экологӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳити зист;

• Таъмини саривақтӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаи Арзёбии экологӣ ва иҷтимоӣ;

• Баррасии лоиҳа ва арзёбии ниҳоии Таъсир ба муҳити зист ва иҷтимоӣ барои сифат ва гирифтани иҷозатномаҳои зарурӣ;

• Кафолат додан ба иҷрои тадбирҳои татбиқшаванда ва дохил намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ба Нақшаҳои идоракунии муҳити зист, иҷтимоӣ ва мониторинг;

• Ташриф ба маҳалҳо ва мониторинги иҷрои чораҳои пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири муҳити зист, ки ҳангоми татбиқи лоиҳа дуруст роҳандозӣ шаванд;

• Сабт ва таҳқиқи тамоми ҳодисаҳои муҳити зист, тандурустӣ/саломатӣ ва бехатарӣ дар ҳолати рух доданд;

• Ташкил намудани машваратҳо бо ҷонибҳои манфиатдори лоиҳа оид ба воситаҳои экологӣ, пешниҳоди тавзеҳот оид ба муқаррарот ва расмиёти экологӣ ва нигоҳ доштани протоколҳои машваратӣ, аз ҷумла ифшои машваратҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои экологӣ;

• Расонидани кӯмаки техникии зарурӣ барои мусоидат намудан ба татбиқ, идоракунӣ ва мониторинги хатарҳо ва таъсироти экологӣ, татбиқи нақшаҳои коҳиш додани таъсири муҳити зист ва мониторинг;

• Пешниҳод намудани ҳисобот ба ГТЛ оид ба нишондиҳандаҳои умумии муҳити зисти лоиҳа ҳамчун як қисми ҳисоботдиҳии даврии пешбурди ГТЛ.

VI. ҲИСОБОТДИҲӢ

Мутахассис оид ба муҳити зист бевосита ба Ҳамоҳангсози лоиҳа ҳисобот медиҳад. Ҳамкории зичи мутахассис бо раёсат ва шӯъбаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мегардад. Мутахассис оид ба муҳити зист ҳар моҳ ба Ҳамоҳангсози лоиҳа (дар бораи эҳтиёҷот) дар шакли электронӣ ва чопӣ бо забони русӣ ё тоҷикӣ ҳисобот пешниҳод менамояд.

Давомнокии фаъолият

Мутахассис оид ба муҳити зист фаъолияти худро аз то

мунтазам давом медиҳад. Мансаби мазкур дар давоми муҳлати пурраи татбиқшавии лоиҳа зарур аст.

Ҷойгиршавӣ

Мутахассис оид ба ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар ГТЛ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда

мешавад.

V. ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ

 Маълумоти олӣ дар соҳаи илми экологӣ, идоракунии захираҳои табиӣ, муҳандисии экологӣ ё шаҳрвандӣ, дигар фанҳои дахлдор;

 Таҷрибаи на камтар аз 5 сол дар соҳаи арзёбии муҳити зист, идоракунии хавфҳо ва расмиёти мониторинг;

 Таҷрибаи корӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ, миллӣ ва ҷамоатҳо;

 Таҷриба дар лоиҳаҳои маблағгузории донорҳо ва татбиқи қаблии кафолатҳои донорҳо бартарӣ дорад;

 Таҷрибаи қаблӣ дар лоиҳаҳои байналмилалие, ки аз ҷониби донорҳо маблағгузорӣ мешаванд, бартарият хоҳад дошт;

Сифатҳои шахсӣ:

• Малакаҳои аълои муошират;

• Кори аълои инфиродӣ ва гурӯҳӣ, қабули қарорҳо;

• Қобилияти кор дар зери фишор;

• Дониши хуби забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ (шифоҳӣ ва хаттӣ) ҳатмист;

• Маҳорати омода кардани гузоришҳои босифати марбут ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;

• Корбари боэътимоди компютерӣ (MS Office, MS Word, MS Excel, Powerpoint, Internet E-mail ва ғ.);

• Ростқавлӣ ва ҳисси масъулият.

Довталабон бастаи ҳуҷҷатҳои зеринро шахсан бояд пешниҳод намоянд:

Ариза барои қабули ҳуҷҷат ба номи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

CV ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ (бояд маълумоти пурра дар бораи таҳсил ва таҷрибаи корӣ дошта бошад)

Тавсияномаҳо бо қайди рақамҳои тамос аз шахсони тавсиякунанда Нусхаи диплом дар бораи маълумоти олӣ

Нусхаи шаҳодатномаҳои таҳсилоти иловагӣ ё иштирок дар семинару тренингҳо Нусхаи шиноснома (ҷои бақайдгирӣ, ТИН)

Ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида бояд дар лифофа бо қайди вазифа ва номи номзад ба суроғаи зерин пешниҳод карда шаванд: ш. Душанбе, кӯчаи Алишер Навоӣ 5/2, ба Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба рақамҳои зерин тамос гиред:

+992 985886585 ё почтаи электронӣ: khurshedkarimov74@gmail.com

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 30 октябри соли 2023 то соати 10:00

Возможно, это зарисовка (1 человек и карта)

Наши партнеры