Главная / Все новости
САФАРИ КОРӢ БА НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

                                                                                                            САФАРИ КОРӢ БА НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Рӯзҳои 17–18 июни соли 2026 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиён ташриф оварда, аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ дар як қатор иншооти иҷтимоӣ боздид намуда, ҳамзамон бо сокинон, фаъолон ва аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуд.

Зимни сафар бо аҳолии деҳаҳои Ҷамоатҳои деҳоти Кайқубод дар деҳаи Саридиж, Ҷамоати деҳоти Чорбоғ дар деҳаи Зиракӣ ва Ҷамоати деҳоти Вобканд дар деҳаи Парчами Ковиён вохӯрӣ ташкил кард шуд. Дар вохӯриҳо ва суҳбатҳои озод бо аҳолӣ, бахусус сокинони деҳаҳои дурдаст роҳбари гурӯҳи корӣ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, таъмиру тармими манзилҳои истиқоматӣ, тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳо, гирду атрофи муассисаҳо ва биноҳои маъмурӣ, инчунин иштироки фаъолона дар шанбегиҳо ва ҳашарҳои дастаҷамъона бо даъват ба амал овард.

Ҳамзамон, ба масъулин ҷиҳати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти муқовимат ба ҳама гуна амалҳои номатлуб, риояи одобу ахлоқи намунавӣ, ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ ва меҳнати созанда, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани нуфузу обрӯи Тоҷикистон ва Парчами давлатии он дар арсаи байналмилалӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, аз худ намудани Суруди миллӣ ва мутобиқи талаботи қонунгузорӣ дар ҷойҳои муносиб насб намудани Парчами давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Холмаҳмадзода Солеҳа ба фаъолияти муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, чораандешӣ ва пешгирии ҳолатҳои аз мактаб дур мондани кӯдакон, таъмини робитаи байни муассисаҳои таълимӣ бо волидон, масъулият дар таълиму тарбияи кудак, такмили ихтисоси омӯзгорон ва беҳтар намудани сатҳи омӯзиши забони давлатӣ дар муассисаҳо, дар фасли тобистон риояи талаботи беҳдоштӣ ва хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолиро таъкид намуд.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия корҳои омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат ёфта, дар баробари сохта ба истифода додани иншооти нақшавии ҷашнӣ, сокинони ноҳия бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву созандагӣ барои бунёду азнавсозии як қатор иншооти ғайринақшавии иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва истеҳсолӣ иқдом намудаанд. Ин иқдомҳо аз дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва саҳми арзандаи сокинон дар ободиву пешрафти ноҳия шаҳодат дода, барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Роҳбари гурӯҳи корӣ зимни мулоқоту вохӯриҳо сокинонро ба фарорасии Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик намуда, ҷиҳати ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва сулҳу суботи кишвар, инчунин бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни муқаддаси миллӣ 35- солагии Истиқлоли давлатӣ даъват намуд.

Дар доираи сафар вазир аз рафти корҳои сохтмонии бунгоҳи тиббии деҳаи Саридиж ва азнавсозии варзишгоҳи ҳамин деҳа дар Ҷамоати деҳоти Кайқубод, рафти корҳои сохтмонӣ дар синфхонаҳои иловагӣ ва фаъолияти маркази инкишофи кӯдак дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 боздид ба амал оварда, маркази инкишофи кӯдак дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 -ро мавриди истифода қарор дод.

Дар идомаи сафар дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Чорбоғ аз ҷараёни корҳои сохтмонии мағозаҳои тиҷоратии соҳибкорон Гулматов Маъруф ва Бобомуродов Нуриддин, инчунин сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ва рафти мумфаршкунии роҳи деҳаи Зиракӣ ва фаъолияти бунгоҳи тиббӣ дар ҳамин деҳа боздид намуда, бо соҳибкорон ва сокинон суҳбат намуд.

Рӯзи 18 июн роҳбари гурӯҳи корӣ дар деҳаҳои Хушманзари Ҷамоати деҳоти Вобканд дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 ва дар деҳаи Кайрӯд дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 марказҳои инкишофи кӯдаконро расман ба истифода дода, аз рафти корҳои сохтмонӣ ва омодагӣ ба соли нави таҳсил дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и деҳаи Доқӣ боздид ба амал овард.

Аз ҷониби вазорат дар ноҳияи Қубодиён бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода додани бинои маъмурӣ барои сохторҳои вазорат дар ноҳия ба нақша гирифта шудааст, ки вазир аз рафти сохтмон дидан намуда, ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонидани корҳо супоришҳои мушаххас дод.

Дар маҷмуъ, кору фаъолияти сокинони ноҳияи Қубодиён дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи арзандаи ҷашнҳои миллӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагӣ равона гардидааст.

Наши партнеры