Главная / Все новости
МАШҒУЛИЯТИ ИДОРАВӢ ДОИР БА ИҶРОИ ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАШҒУЛИЯТИ ИДОРАВӢ ДОИР БА ИҶРОИ ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ 18 ИЮЛИ СОЛИ 2026, №496 “ДАР БОРАИ ТАРТИБ ВА АНДОЗАИ ҶУБРОНИ ХАРОҶОТИ

                                                              САФАРҲОИ ХИЗМАТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОЕ, КИ АЗ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ МАБЛАҒГУЗОРӢ МЕШАВАНД.”

Санаи 30 июли соли 2026 тибқи Нақшаи машғулиятҳои идоравӣ, дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ хониши идорави “Дар бораи тартиб ва андозаи ҷуброни хароҷоти сафарҳои хизматӣ дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд.”баргузор гардид.

Машғулияти идоравиро сардори шуъбари молияи Агентӣ Абдуллозода Аҳмадулло Маҳмадӣ оғоз карда қайд намуд, ки Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2026, №496 тартиби нави андозаи ҷуброни хароҷоти сафари хизматӣ дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, тасдиқ карда шуд. Тибқи қарори мазкур минбаъд кирояи манзил дар дохили кишвар барои шахсони дар сархати якуми банди 29 тартиби нав пешбинӣ шуда, аз рӯйи хароҷоти воқеӣ ҳисобӣ карда мешавад. Дар сархати якум асосан раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Сарвазири ҶТ, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ дарҷ шудаанд.

Барои шахсони дар сархати дуюм ва сеюми тартиби мазкур пешбинӣ шуда, ки аъзои ҲҶТ, аъзо, вакилон ва роҳбари дастгоҳи ду шохаи ҳокимияти намояндагӣ, муовини якум ва муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ва кормандони дигари ташкилотҳои буҷетиро дар бар мегирад, дар шаҳри Душанбе то 6 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, дар вилоятҳо ва тамоми шаҳрҳои ҷумҳурӣ, инчунин ноҳияи Дарвоз то 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои дигар ноҳияҳо то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда шудааст.

Арзиши хароҷоти шабонарӯзӣ ҳангоми сафари хизматӣ ба шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои тамоми шахсоне, ки дар тартиби мазкур пешбинӣ гардидаанд, дар ҳаҷми 2,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда шудааст.

Дар тартиби зикршуда дигар ҳолатҳо вобаста ба сафари хизматӣ низ пешбинӣ шуда, дар заминаи 1 тартиб андозаи хароҷоти сафари хизматӣ дар кишварҳои хориҷӣ мушаххас дарҷ шудааст.

Дар соли 2026 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба андозаи 78 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Дар фарҷом доир ба мавзуъ суолу ҷавоб доир гардид.

 

Бахши иттилоотии дастгоҳи марказии

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Наши партнеры