Главная / Все новости
МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА 35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ДАСТОВАРДҲОИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

                      МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА 35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ДАСТОВАРДҲОИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ВА

                                                                             ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК»

Санаи 18 июни соли 2026 тибқи Нақшаи машғулиятҳои идоравӣ, дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо иштироки намоянда, Ходими калони илмии шуъбаи равандҳои муҳоҷирати аҳолии МД “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират вашуғли аҳолӣ” – Хоҷаева Мадина ва роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он мизи мудаввар дар мавзуи “Дастовардҳои Агентии меҳнат вашуғли аҳоли дар 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» чорабини баргузор гардид.

Машғулияти идоравиро муовини якуми директори Агентӣ Садриддинзода Аврангзеб Бобоҷон оғоз карда қайд намуд, ки Истиқлолият – озодӣ ва соҳибихтиёрии давлат ба ҳисоб меравад, инчунин дар бораи дастовардҳои 35 солагии истиқлолият ва корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдорӣ, сулҳу субот, рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» суханронӣ намуд.

Дар идомаи чорабинӣ Абдулваҳобзода Тамано сармутахассиси шуъбаи рушди захираҳои меҳнатии Агентӣ баромад намуда, доир ба “Дастовардҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маълумоти муфассал манзур намуд.

Дар фарҷом доир ба мавзуъ суолу ҷавоб доир гардид.

Бахши иттилоотии дастгоҳи марказии

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Наши партнеры