Баргузории курси омӯзишӣ
дар мавзӯи «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст»
Имрӯз 2 ноябри соли 2023 дар меҳмонхонаи “Хиллтон”-и шаҳри Душанбе муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ, роҳбари “Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират, СММ дар Тоҷикистон” Кристина Транка ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар курси омӯзишии «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст» ширкат варзиданд.
Шаҳноза Нодирӣ муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ қайд намуд, ки масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ зери назорати доимӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Инчунин зимни баромади худ мавсуф иброз дошт, ки бо дарназардошти он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимои аст, ҳамаи 23 ҳадафи Созишномаи глобалӣ оид ба муҳочират самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, Вазорати меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози миллии раванди мухочират ҳисоботдиҳандаи ихтиёрӣ доир ба татбиқи Созишномаи глобали таъин шуда, 2 маротиба онро тахия ва унвонии Мачмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ирсол намудааст (солхои 2020 ва 2022). Айни ҳол ҷихати омода намудани хисоботи навбатии ихтиёрии миллӣ оид ба татбиқи Созишномаи глобали бо таъсис додани гуруҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Бояд зикр намуд, ки мақсади баргузории курси омӯзишӣ ин муаррифии Созишномаи глобалӣ оид ба муҳоҷират, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст мебошад.