Главная / Все новости
Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар пешрафти       

сатҳи зиндагии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

   Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки эълони эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва афзоиши дастранҷи шахсони эҷодкору соҳибистеъдоди миллати тоҷик равона гардида, дар навбати аввал ҳадафи асосии он муаррифии шоистаи миллати тоҷик мебошад.

Мақсад аз эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» як шиори рӯзмара набуда, балки муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, фарҳангии милии тоҷикон дар арсаи байналхалқӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ қайд намуданд, ки аз саннаи 1-уми январи соли 2018 мардуми кишвар барои истеҳсол ва фурӯши молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди сайёҳӣ аз пардохти ҳамаи намуди андозҳо озод карда мешаванд. Ин ғамхории навбатии Пешвои миллат ба ҳар як фарди ватандӯст имконият медиҳад, ки дар муаррифии миллату ватани худ саҳмгузор бошанд.

Мардуми тоҷик ҳамчун халқи меҳмондӯсту меҳмоннавоз дар байни халкҳои ҷаҳон шинохта шудаасту хеле машҳур аст. Аз замонҳои хеле қадим халқи тоҷик ба ҳунармандӣ косибӣ шуғл варзида, дар тули таърих садҳо навъи ҳунарро ба вуҷуд овардаанд ва бо намунаҳои олии он шӯҳрат ёфтаанд ва имрӯзҳо ҳар як сайёҳи ба кишвар воридшударо бо тӯҳфа ва бо хотираи нек гусел намудан, рисолати мардуми мост.

Яъне эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» агар аз як тараф Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ақсои олам ҳамчун кишвари дорои таъриху табиати нодир муаррифӣ намояд, аз тарафи дигар рушди ҳунарҳои миллӣ, дар баробари беҳтар намудани вазъи иқтисодии аҳолӣ, муаррифгари фарҳанги бостонӣ ва тамадунофари мардуми кишварамон мегардад.

        Дар таърихи халқи тоҷик шаҳрҳои кадимаи Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Ашт, Панҷакент, Кулоб, Исфара, Хисор, Самарқанд, Бухоро, Ҳирот ва Марв маълуму маъруфанд, ки баробари маркази маъмурӣ буданашон марказҳои ҳунару фарҳанг, тиҷорат, зиёрат ва сайру саёҳат буданд.

Ҳунарҳои дастӣ дар инсон завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия менамояд ва дунёи ботинии шахсро ғанӣ мегардонад. Дар замони мо ҳунарҳое, ки замоне фаромӯш шуда буданд, эҳё гардида, арзиши маҳсулоти дастӣ нисбат ба молҳои омавӣ меафзояд.

Пеш аз ҳама, санъати амалии халқӣ ба дастгирии хамаҷониба ниёз дорад. Дар доираи татбиқи иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ то имрӯз даҳҳо мактаби ҳунармандон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ташкил шуда, ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ин мактабҳо аз рӯи усули анъанавии миллии, устод –шогирд шогирдон тарбия меёбанд.

        Устоҳои халқӣ, аз ҷумла наққошону кулолгарон, мисгарону зардӯзон ва қолинбофону косибон дар офаридаҳояшон нақшу нигорро чун воситаи асосии ороишӣ бадеӣ медоданд. Ҳар як нақшу нигор маънои хос дошта, аз ҷониби халқ номгузорӣ мешуданд.

Наққошони тоҷик беҳтарин анъанаҳои ҳунармандони гузаштаро идома дода, санъати нақшофариро такмил додаанд. Имрӯз анъанаҳои ҳунари наққошӣ ҳангоми бунёду ороиши биноҳои фарҳангию маърифатӣ (тарабхона, чойхона, қасри фарҳанг ва ғайра) корбаст мешаванд.

Инкишофи ҳунарҳои меъморӣ, кулолгарӣ, мисгарӣ, заргарӣ, қолинбофӣ ва кашидадӯзӣ ба рушди наққошӣ низ мусоидат кардааст. Намунаҳои нодири нақшу нигоре, ки бостоншиносон дар Термиз, Панҷакенти қадима ва дигар маҳаллаҳо дарёфтаанд, бозгӯи фарҳанги бою рангини гузаштагони мо мебошанд.

Таҷассуми ҳунарҳои миллӣ дар ороиши сару либос, ҷиҳози хона, муҳити зист ва ғайра мушоҳида мешавад. Масалан, барои омӯзиши таърихи либос асарҳои санъати тасвирӣ, меъморӣ, адабиёт, ҳуҷҷатҳои таърихие, ки зиндагии маишии мардум ва фарҳанги давраи гузаштаро инъикос месозанд, сарчашмаи асосӣ ба ҳисоб мераванд. Шакл ва хусусияти сару либос дар ҳама давру замон фарҳанги маънавии халқ, урфу одат ва муносибати мардумро ба ин ё он падидаву ҳодиса нишон медиҳад. Тағйири шаклу намуди ҳамаи навъҳои либоси миллӣ ба хусусияти ин ё он минтақа вобаста аст. Аз ин рӯ, омӯзиши либоси миллӣ ва тағйири шаклҳои он робитаи либосро ба таърихи этникии миллӣ ошкор месозад.

Дар замони мо тадқиқоти илмӣ дар соҳаи тарбияи ҷавонон бо назардошти таълими ҳунарҳои мардумӣ мавқеи назаррасро ишғол мекунад. Ҳадафи олимон баҳодиҳӣ ва таҳлили рушди ҳунармандӣ ва таъсири он, ба ҷавонон омӯзонидани ҳунарҳои аҷдодӣ, бо такя ба онҳо ташаккул додани ҳунарҳои наву муосир мебошад.

Дар он давра садҳо нафар зардӯзи моҳир ба дӯхтани либосҳои дарбориён машғул буданд ва фақат як қисми ночизи маҳсулоти онҳо ба бозор бароварда мешуд. Либосҳои бо зардӯзӣ ородода, ҷомаҳои мардона, камзулҳо, пояфзол, ҷиҳози аспҳо танҳо бо фармоиши амир ва пайвандони ӯ омода мешуд. Дигар ҳеҷ кас, ҳатто шахсони воломақом ба чунин фармоиш ҳуқуқ надоштанд. Танҳо дар вақтҳои муайян ин гуна либосҳо аз тарафи худи амир тӯҳфа мешуданд. Ҳунари зардузӣ меросӣ буд, агар дар оила писар намебуд, ин ҳунар ба хешу ақрабои ҳамон ҳунарманд омӯзонида мешуд.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бозгӯи пешрафти муносибат дар ин самт, аз ҷумла бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон мебошад.

Аз ин рӯ, мо ҷавононро мебояд, ин сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, дар инкишофи расму оину анъанаҳои миллӣ, муаррифии онҳо ба ҷаҳониён саҳмгузор бошем.

                                                                                                 

 

Мутахассиси шуъбаи музди меҳнат ва                                  

сатҳи зиндагии аҳолии Раёсати ҳифзи меҳнат                        

 Ш. Саидова

                                                                     

 

  

Наши партнеры