Семинари машваратӣ дар мавзуъи: Татбиқи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №701 “Дар бораи маъқул донистани Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023” ва муқаррароти бобҳои 31, 32-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Яке аз ваколатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ин мусоидат намудан ба корфармову кормандон дар риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ба ҳисоб меравад.
Аз ин лиҳоз, бо мақсади таъмини иҷрои Нақшаи-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ оид ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва расонидани кумаки методию амалӣ ба корхонаву ташкилотҳо дар татбиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти муносибатҳои меҳнатӣ бо ташаббуси мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ санаи 19 январи соли 2022 дар китобхонаи марказии ноҳия бо иштироки кормандони корхонаю муассисаҳо семинари машваратӣ баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки вохӯрии мазкур дар бораи талаботи Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 ва муҳтавои бобҳои 31,32-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар он муовини сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Солеҳов Қ. суханронӣ намуда, ба ҳозирин доир ба мафҳуму талаботҳои муайянгардидаи Созишномаи генералӣ ва муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, боби 31 «Шартномаи коллективӣ» ва боби 32 «Назорат ва бақайдгирии созишнома ва шартномаҳои коллективӣ»-ро қайд намуданд.
Дар рафти чорабинии мазкур масъалаҳои марбут ба ҳамкории иштирокчиёни муносибатҳои меҳнатӣ, бахусус назорати татбиқи созишнома ва шартномаҳои коллективиро, ки комиссияҳои дахлдор оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ, тарафҳо (намояндагони онҳо), инчунин аз тарафи мақомотҳои ваколатдоршуда, тавассути тақвият бахшидан ба Созишномаи генералӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар робита ба ин, гуфта шуд, ки баимзорасонии шартномаи коллективӣ яке аз шаклҳои амалӣ намудани татбиқи созишнома ва таъмини рушди шарикии иҷтимоӣ буда, тарафҳои он дар интихоби мазмун ва уҳдадориҳои санади мазкур озоданд, яъне мазмуни шартномаи коллективиро тарафҳо дар доираи салоҳияти худ муайян мекунанд. Шартномаи коллективӣ баъд аз ба имзо расидан ҳамчун санади меъёри ҳуқуқӣ қувваи ҳуқуқӣ пайдо намуда, иҷрои уҳдадориҳои он аз ҷониби тарафҳо ҳатмӣ мебошад.
Ҳамзамон, дар вохӯри таваҷҷуҳи ҳозирин ба он равона карда шуд, ки Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатҳои камтарини ҳуқуқ ва озодиҳоро дар соҳаи меҳнат муқаррар намудааст, мақсад аз баимзорасонии шартномаи коллективӣ ин рӯбардор кардани Кодекси мазкур набуда, балки дар асоси афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва самаранокии истеҳсолот, дарҷ намудани имкониятҳои мавҷуд буда ва амалишаванда вобаста ба беҳтар кардани шароити меҳнат ва ҳифзи меҳнат мебошад.
Мутахассисони раёсат ба самъи ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи корхонаҳо расониданд, ки мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳамавақт омодаанд дар таҳияву баимзорасонии шартномаи коллективӣ ва бақайдгирии саривақтии санадҳои мазкур ба тарафҳои шарикии иҷтимоӣ мусоидат намоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар давоми соли 2021 аз тарафи кормандони Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ тибқи нақшаи кории тасдиқгардида 12 маротиба бо корфармоён ва кормандони корхонаю ташкилотҳои гуногунсоҳа вохӯрӣ ташкил намуда, доир ба рушди устувори шарикии иҷтимоӣ тавассути ба имзо расонидани созишномаҳои соҳавӣ, шартномаҳои коллективӣ, қарордодҳои меҳнатӣ, бақайдгирии саривақтии, шартномаҳои коллективӣ, бартарафсозии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат ва пардохти саривақтии он, пешгирӣ намудан аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, фаҳмонида додани ҳифзи ҳуқуқҳои кормандон ва корфармоён, тартиботи меҳнатӣ, риояи интизоми меҳнат, рӯхсатии меҳнатӣ, танзими хусусияти меҳнати маъюбон, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ва дигар масъалаҳои ҳалталаб марбут ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат гуфта гузаштаанд.
Инчунин, дар ин давра мутасаддии самти меҳнати раёсат ба зиёда аз 143 адад кохонаю ташкилотҳо ташриф оварда ба 235 нафар кормандони онҳо вобаста ба масъалаҳое, ки аз муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи самти меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ бармеоянд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида хизматҳои машваратӣ расонидаст.
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ минъбад низ дастуру супоришҳои директори Агентиро дар самти фаъолият сармашқи кори худ қарор дода, дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои давлатӣ ва кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касаба ҷиҳати дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти муносибатҳои меҳнатӣ дар корхона, ташкилот ва муассисаҳои фаъолияткунанда корҳои таршфиқотию-фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ менамоянд.
Юнусов З. - мутахассиси пешбари
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ