Главная / Все новости
 БОЗДИД АЗ МАҚОМОТИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР ШАҲР ВА НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

                                                                                 БОЗДИД АЗ МАҚОМОТИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР ШАҲР ВА НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Имрӯз 13 марти соли ҷорӣ директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муҳтарам Саидзода Шаҳбоз Майдон ҷиҳати шиносоӣ бо шароити корӣ аз мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Муминобод ва Шамсиддин Шоҳин дидан намуданд.

Зимни мулоқот роҳбарияти Агентӣ ба масъулин ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасони мақомоти шуғли аҳолӣ, кабудизоркунии атрофи биноҳо, ҷалби бештари шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ва таъмин намудани онҳо бо ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани малакаи кормандон ва баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Наши партнеры