Главная / Все новости
МАШҒУЛИЯТИ ИДОРАВӢ ДОИР БА МАВЗУЪИ «ВАТАНДӮСТӢ ВА ВАТАНПАРАСТӢ ДАР «ШОҲНОМА»-И АБУЛҚОСИМИ ФИРДАВСӢ»

                                                                       МАШҒУЛИЯТИ ИДОРАВӢ ДОИР БА МАВЗУЪИ «ВАТАНДӮСТӢ ВА ВАТАНПАРАСТӢ ДАР «ШОҲНОМА»-И АБУЛҚОСИМИ ФИРДАВСӢ»

Имрӯз 5 августи соли ҷори тибқи Нақшаи машғулиятҳои идоравӣ, дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ хониши идорави дар мавзуъи “Ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ дар «Шоҳнома»-и Абулқосими фирдавсӣ.” баргузор гардид.

Машғулияти идоравиро мудири бахши иттилоотӣ Фарангези Ҷамолидин оғоз карда қайд намуд, ки Ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ аз арзишҳои волои инсонист, ки дар тамоми давру замон барои пойдории давлат ва бақои миллат нақши муҳим доранд.

Муҳаббат ба Ватан, ҳифзи марзу буми он, эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва забони модарӣ аз ҷумлаи сифатҳое мебошанд, ки инсонро ба фарзанди содиқи миллат табдил медиҳанд. Ин арзишҳо дар шоҳасари безаволи адабиёти форсу тоҷик – «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ бо равшанӣ ва таъсиргузорӣ инъикос ёфтаанд.

«Шоҳнома» на танҳо китоби достонҳои қаҳрамонӣ, балки асари бузурги ватандӯстӣ мебошад. Муалиф бо офаридани ин шоҳасар таърихи халқ, фарҳанг, забон ва ҳувияти миллиро зинда нигоҳ дошт ва ба наслҳои оянда мероси гаронбаҳо ба ёдгор гузошт. Дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол омӯзиши мероси Абулқосими Фирдавсӣ барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои давлатӣ аҳаммияти махсус дорад.

Дар фарҷом доир ба мавзуъ суолу ҷавоб доир гардид.

 

Бахши иттилоотии дастгоҳи марказии

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Наши партнеры